27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:50, Душанбе
03.02.2025 15:35

Нашъамандӣ кам, ҷинояти вобаста ба он зиёд шудааст

Самад Зафар, директори Агентии назорати маводи нашъаовар зимни  нишасти матбуотӣ хабар дод,  давоми соли гузашта 4,3 тонна маводи мухаддир мусодира шуд, ки нисбат ба соли 2023 17% фоиз ва ё 901,5 кило камтар мебошад.

Таъкид гардид, дар давраи ҳисоботӣ 839 ҷинояти марбути маводи мухаддир ба қайд гирифта шуд, ки ин нишондиҳанда дар соли 2023 ба 699 ҷиноят баробар буд.

Афзуда шуд, ки дар ин давра аз ҷониби ниҳоди зертобеи агентӣ фаъолияти 32 гурӯҳи ҷиноятӣ дар ҳайати 83 нафар ошкор ва қатъ карда шуд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои дастрас соли 2024 мусодираи моддаҳои психотропии синтетикӣ 110 килоро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2023  59 фоиз ё 41 кило зиёд мебошад.

Илова карда шуд, ки моддаҳои психотропии синтетикӣ бештар аз Афғонистон ба мамлакат ворид мешавад ва истифодабарандагони он асосан ҷавонон мебошанд.

Ҳамчунин, дар нишасти мазкур гуфта шуд, ки ба ҳолати 1-уми январи соли 2025 дар кишвар 4014 кас бемори нашъаманд буда, аз ин теъдод 110 нафар зан дар қайди наркологӣ қарор доранд, ки ин нишондод нисбат ба соли 2023-юм 146 нафар ё 3,5% коҳиш ёфтааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.