27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
03.02.2025 13:28

Қиёми лафзӣ бар зидди роҳбари Толибон: “Ба дастури Ҳайбатуллоҳ набояд ватанро вайрон кард”

Интиқоди лафзии Аббос Стоникзай, муовини сиёсии Вазорати корҳои хориҷии гурӯҳи террористии Толибон аз амрҳои хилофи шариати роҳбари гурӯҳ Мулло Ҳайбатуллоҳ ихтилоф дар саҳти раҳбарии гурӯҳро ошкор кард.

Аббос Стоникзай дар масҷиде дар минтақаи Хусти Афғонистон аз дастурҳои хилофи шариати Мулло Ҳайбатуллоҳ интиқод намуда, мардумро ба итоат накардан ба дастурҳои хилофи шариати роҳбар фаро мехонад.

Баъд аз интиқоди шадиди лафзӣ Мулло Ҳайбатуллоҳ ба хашм омада, фармони боздошти ӯро содир мекунад. Аббос Стонакзай бо пуштибонӣ ва ҳимояти Мулло Яъқуб, вазири дифоъ, Мулло Бародар, муовини сарвазир, Сироҷиддин Ҳаққонӣ, вазири корҳои дохилӣ ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ фирор мекунад.

Расонаҳо хабар доданд, ки Аббос Стонакзай қабл аз ин ки аз сӯйи афроди Мулло Ҳайбатуллоҳ боздошт шавад, аз тариқи майдони ҳавоии Кобул аз Афғонистон хориҷ мешавад.

Дар ибтидо Аббос Стонакзай хабари фирор ва ихтилоф бо роҳбари гурӯҳи террористии Толибонро  рад кард ва афзуд, ки барои табобат ва рухсатӣ ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ сафар кардааст.

Изҳороти дипломатии ӯ, пас аз ифшои навори савтии суҳбатҳояш дар мавриди роҳбари гурӯҳи террористии Толибон Мулло Ҳайбатуллоҳ Охундзода ботил шуд. Дар навори савтие, ки дар расонаҳо паҳн гардид, Аббос Стонакзай корҳои роҳбари Толибонро хилофи шариат унвон намуда, таъкид мекунад, ки ӯ бо сиёсатҳояш Афғонистонро вайрон мекунад.

“Мо ба хотири ту наметавонем ватанро вайрон кунем. Ту то замоне раиси ман ва “Амир-ал-муъминин”-и ман ҳастӣ, ки дар роҳи Худованд бошӣ. Агар аз роҳи Худованд як қадам он тараф бардоштӣ, “Амир-ал-муъминин”-и ман нестӣ ва туро намешиносам”- мегӯяд дар навори савтӣ Аббос Стонакзай.

Ӯ дар идома таъкид мекунад, ки дар ислом шахспарастӣ ва роҳбарпарастӣ нест. Фақат ба Худованд бояд итоат кард ва дастурҳоеро, ки хилофи амри шариат ва Худо ҳаст, набояд  иҷро намуд. Аббос Стонакзай, муовини сиёсии Вазири корҳои хориҷии Толибон дар навори савтӣ хитоб ба мардуми Афғонистон таъкид мекунад: “Мулло Ҳайбатуллоҳ имон наовардаанд” ва мисли ӯ садҳо нафар дар таърихи Афғонистон омадаву рафтаанд.

Бар асоси гузориши расонаҳо Сироҷиддин Ҳаққонӣ, Мулло Яъқуб ва Мулло Бародар аз роҳбари Толибон хостаанд, ки Аббос Стонакзайро авф кунад. Роҳбари Толибон дархости онҳоро рад карда, гуфтааст бояд зиндонӣ шавад.

Пас аз шиддат гирифтани ихтилофҳо дар сатҳи роҳбарии гурӯҳи Толибон бархе мақомоти сатҳи олии он ба кишварҳои араб фирор кардаанд. Сироҷиддин Ҳаққонӣ, вазири корҳои дохилии Толибон беш аз 12 рӯз боз дар Қатар ба сар мебарад ва ҳанӯз ба Афғонистон бар нагаштааст.

Бар асоси гузоришҳо, бархе фармондеҳони гурӯҳи Толибон вазифаҳои худро раҳо карда, аз Афғонистон хориҷ мешаванд. Ин мавҷи норозигӣ дар пайи сиёсатҳои сахтгиронаи роҳбари Толибон Мулло Ҳайбатуллоҳ дар Афғонистон ба вуҷуд омадааст.

Гуфта мешавад, ки гурӯҳе аз роҳбарони Толибон ба сиёсати роҳбари гурӯҳ доир ба бастани мактабҳо, маҳдудияти рафтуомади занон ва ғайра мухолифат нишон додаанд. Ин мухолифатҳо, бахусус дар миёни роҳбарони сатҳи олии Толибон мушоҳида мешавад. Масалан, яке аз чеҳраҳои ҷангҷолии Толибон генерал Мубин дар суҳбат бо хабарнигори собиқи телевизиони “Тулуъ” Мухтор Лашкарӣ гуфт, ки “Орзу дорад, духтарони афғон мактаб раванд”. Ҳангоми баёни ин хоста ашк аз чашмони вай ҷорӣ мешуд ва аз роҳбари Толибон хоста буд, ки мактабҳоро ба рӯйи духтарони Афғонистон боз кунад.

Генерал Мубин низ як ҳафта қабл аз Афғонистон фирор кардааст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ дархости визаи ӯ аз кишвари Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дасту ба даст мечархад. Дар наворе, ки дар як маҳфили хусусӣ сабт шудааст, генерал Мубин дар канори Стонакзай нишастааст. Ин навор дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ сабт шудааст.

Бархе рӯҳониёни  тарафдори Толибон низ боздошт шудаанд. Гуфта мешавад, ки онҳо бар зидди бархе аз амру дастурҳои роҳбари Толибон эътироз намуда, онро хилофи усули шариат донистаанд.

Ихтилофҳо бар сари сиёсатгузории дохилӣ ва равобит бо кишварҳои хориҷӣ гурӯҳи террористии Толибонро осебпазиртар кардааст. Ваъдаи гурӯҳи Толибон ба Амрико, ки гуфта буданд, дигар иҷозаи фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар хоки Афғонистонро намедиҳанд, бароварда нашудааст. Ҳоло, бар асоси гузориши ниҳодҳои амниятии кишварҳо, Афғонистон ба макони амни террористон табдил шудааст.

Чанде қабл, дабири кулли СААД гуфта буд, ки Афғонистон ҳанӯз сарчашмаи таҳдидҳои террористӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад. Ӯ дар сафаре, ки ба Тоҷикистон дошту бо президент Эмомалӣ Раҳмон дидор кард, афзуд, барои пешгирии таҳдидҳо аз хоки Афғонистон ба тақвияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон машғул хоҳанд шуд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.