Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ироқчӣ: “Ҳамла ба муассисаҳои атомии Эрон бузургтарин хатои таърихии Амрико хоҳад буд”
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббос Ироқчӣ дар суҳбат бо телевизиони “Ал-Ҷазира” ҳушдор дод, ки ҳамла ба муассисаҳои атомии ин кишвар “сабаби ҷанги фарогир дар минтақа” хоҳад шуд.
Бархе нигарониҳо дар хусуси иқдом бар зидди Ҷумҳурии Исломии Эрон афзоиш ёфтааст. Эҳтимол меравад, Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар даври дуюми президентии худ Бенямин Натаняҳу, сарвазири Исроилро ташвиқ кунад, ки ба муассисаҳои атомии Эрон ҳамла кунад.
Вазири корҳои хориҷии Эрон дар суҳбати ахираш пешниҳод кард, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико метавонад бо озодсозии дороиҳои блокшудаи Эрон ба ҳайси қадами аввал барои эътимодсозӣ миёни ду кишвар иқдом кунад.
“Дороиҳои мавҷудаи Эрон дар вақтҳои мухталиф ба воситаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико блок шудаанд ва ин кишвар ба уҳдадориҳои қаблии худ барои озодсозии онҳо амал накардааст. Чунин иқдомҳое аз сӯйи ҳукумати ИМА метавонад ба эҷоди эътимод миёни ду ҷониб кумак кунад” – таъкид намуд Аббос Ироқчӣ.
Доналд Трамп дар соли 2017 бо як иқдом эълом кард, ки ИМА аз созишномаи атомии маъруф ба БАРҶОМ хориҷ шуда ва дигар ба он пойбанд нест.
Созишномаи БАРҶОМ дар тобистони соли 2015 дар музокироти тӯлонии кишварҳо, ки бо номи “5 бар илова 1” зикр мешуд, ба имзо расид. Дар он Русия, Чин, Эрон, Амрико, Ҷопон ва Иттиҳоди Аврупо ҳузур доштанд.
Дар вокуниш ба иқдоми ИМА ҳукумати Эрон уҳдадориҳояш дар робита ба созишномаи атомиро коҳиш дод. Аз ҷумла, ғанисозии уранро ба дараҷаи 60 дарсад афзош дода, дурбинҳои назоратии агентии атомии байналмилалӣ МАГАТЭ-ро хомӯш кард. Талошҳои Иттиҳоди Аврупо барои дубора ҷалб намудани Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба созишномаи атомӣ бе натиҷа анҷом ёфт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”