27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:50, Душанбе
03.02.2025 12:07

Исроил ба Украина мушакҳои раҳгир ирсол кардааст

Сомонаи “Оксюз” ба нақл аз се манбаи худ, ки нахоста номашон ифшо шавад, хабар медиҳад, Исроил барои системаи дифоии Украина 90 мушаки раҳгир фиристодааст.

Расонаҳо хабар медиҳанд, пас аз он ки Исроил системаи “Патриот” –и худро аз рада хориҷ кард, Украина хостори ин мушакҳо шуд. Дар он замон Федератсияи Русия оид ба фиристодани системаи “Патриот” ба Исроил ҳушдор дода буд.

Рӯзҳои ахир чанд ҳавопаймои С-17 борбарии низомии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мушакҳоро аз пойгоҳҳои Исроил ба Лаҳистон интиқол доданд, ки минтақаи логистикии НАТО барои бо силоҳ муҷаҳҳаз кардани Украина аст. Мушакҳо аз тариқи Лаҳистон аллакай ба Украина интиқол ёфтааст.

Яке аз сухангӯёни сарвазири Исроил Бенямин Натаняҳу ба “Оксюз” гуфтааст, ки системаҳои “Пэтриот” ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико боз гардонида шуд: “Барои мо мушаххас нест, ки оё ин патриотҳо ба Украина таҳвил дода шудааст ё не”.

Намояндаи Федератсияи Русия дар Созмони Милали Муттаҳид дар моҳи январ ба Исроил ҳушдор дода буд, ки мусаллаҳ кардани Украина “оқибатҳои сиёсии хосе хоҳад дошт” ва “ҳар гуна силоҳе, ки ба ин кишвар ирсол шавад, нобуд хоҳад шуд”.

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.