Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон афзоиш ёфтааст
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 268,3 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба бозорҳои хориҷ ба маблағи 226, 7 миллион доллар содирот кардааст. Дар ин хусус, дар нишасти хабарӣ вазири кишоварзии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода хабар дод.
Дар нишасти хабарӣ вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард, ки дар соли гузашта 100,5 ҳазор тонна пахта, 30,8 ҳазор тонна сабзавот (аз ҷумла 29, 2 ҳазор тонна пиёз), 40, 1 ҳазор тонна меваҷот (аз ҷулма 23, 7 ҳазор тонна ангун), 90, 1 ҳазор тонна мешваи хушк ва дигар навъҳи маҳсулоти кишоварзӣ 6, 8 ҳазор тонна ба хориҷ содирот шудааст.
Таъкид шуд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми меваҳо 12, 4 ҳазор тонна афзуда, дар маҷмуъ 45 % сатҳи афзоишро нишон медиҳад. Дар соли гузашта содироти ангур нисбат ба соли 2023 13, 7 ҳазор тонна афзоиш ёфт, ки 2,4 маротиба зиёд мебошад.
Дар нишасти матбуотии вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гадид, ки содироти меваи хушк 6,7 ҳазор тонна (8%) афзоиш ёфтааст. Инчунин, маҳсулоти саноати ширӣ, тухм, асали табиӣ 1, 5 ҳазор тонна афзуда, 7, 1% зиёд шудааст.
Қайд гардид, ки маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба зиёда аз 26 кишвар содирот шудааст, ки 85% ҳаҷми содирот ба кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 15% ба дигар кишварҳо рост меояд.
Дар соли гузашта воридоти маҳсулоти кишоварзӣ аз хориҷи кишвар ба бозорҳои дохилӣ 227, 6 ҳазор тонна бо арзиши 186, 9 миллион тоннаро ташкил додааст. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта, ҳаҷми воридот 83, 1 ҳазор тонна афзуда, арзиши гумрукии он 70, 6 миллион доллар афзоиш ёфтааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”