Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ғалабаи чорум. Муҳаммад Наимов муҳорибаи панҷумашро дар UFC барпо кард
Шоми якуми феврал дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ мусобиқаи UFC Fight Night 250 доир гашт, ки варзишгари тоҷик Муҳаммад Наимов муҳорибаи панҷумашро дар ташкилоти мазкур гузаронд.
Муҳаммад Наимов дар доираи мусобиқаи UFC Fight Night 250 бо варзишгари австралӣ Каан Офли дар вазни нимсабук (то 66 кило) ба майдон баромада, бо қарори доварон ғалаба кард.
Муҳаммад Наимов дар ин муҳориба 81 ҳазор доллари амрикоӣ ба даст оварааст. Ҳамин тавр, 38 ҳазор доллар барои ба майдон баромадан, 38 ҳазор доллар барои ғолиб шудан ва 5 ҳазор доллар аз ҳисоби сарпарастон. Рақиби ӯ Каан Офли 24 ҳазор доллар кор кардааст.
Бояд гуфт, ки ин муҳорибаи панҷуми Муҳаммад Наимов дар ташиклоти UFC буд, ки аз ин шумора чор муҳориба дастболо ва дар якеаш шикаст хӯрдааст.
Ягона бохти ин варзишгари тоҷик дар UFC аз Фелипе Лимаи бразилӣ аст, ки 22-юми июни соли 2024 дар яке аз мусобиқаҳои ташкилоти мазкур доир гашта буд.
Муҳаммад Наимов 30 сол дорад ва аз соли 2018 дар муҳорибаҳои омехта баромад мекунад. Ӯ дар корномааш 15 муҳориба дошта, 12 ғалабаву 3 бохт дорад.
Ёдовар мешавем, ки то ҳол чор варзишгари тоҷик дар ташкилоти UFC баромад мекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”