Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Муфтӣ дар бораи ҳамлагар: “Пушаймон аст”
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шурои уламои Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба вазъи ҷавоне, ки соли гузашта ба ӯ ҳамла карда буд, иттилоъ дод.
Раиси Шурои уламои Тоҷикистон гуфт, касе, ки ба ӯ ҳамла карда буд, ба ифротгароӣ муттаҳам мешавад.
“Давраи аввали суд даъват шудам, аммо бо сабаби серкорӣ иштирок карда натавонистам, балки намояндаи худро равон кардам. Намоянда гуфт, ки гумонбаршаванда хеле мегирист ва пушаймон буд. Мегуфт, ки манро васвоса карданд, таҳрик доданд, гумроҳ намуданд, ман нафаҳмидам, ки чӣ кор кардам”, - афзуд Саидмукаррам Абдулқодирзода.
Ёдовар мешавем, ки 11-уми сентябри соли гузашта дар назди масҷиди марказии шаҳри Душанбе ба раиси Шурои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода як нафар ҳамла карда буд, ки ҷабрдида дар пешониаш захм бардошт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”