Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Мушкили куҳна. Норасоии омӯзгорон дар кадом минтақа зиёд аст?
Бино ба иттилои Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми кишвар дар ҳоли ҳозир дар мактабҳои ҷумҳурӣ 281 омӯзгор намерасад. Дар умум, дар соли таҳсили 2024-2025 соҳаи маориф ба 4 ҳазору 301 муаллим эҳтиёҷ дорад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳри Душанбе ва ВМКБ норасоии кадрӣ мушоҳида намешавад, балки ин мушкил бештар дар макотиби шаҳру навоҳии тобеи марказ ба назар мерасад. Ҳамин тавр, ҳоло дар вилояти Хатлон - 65, дар вилояти Суғд - 2 ва дар шаҳру навоҳии тобеи марказ - 184 омӯзгор намерасад.
Тибқи иттилои дастрас, аз 13 ҳазор хатмкардаи муассисаҳои олии касбӣ ва 3 ҳазор хатмкардаи муассисаҳои миёнаи касбӣ танҳо 10 ҳазору 240 нафар ё 64 фоизи онҳо ба макотиби миёна барои кор муроҷиат кардаанд. Ба ин тариқ, 5 ҳазору 760 нафари дигар ё 36% ба мактабҳо барои кор ҳозир нашудаанд ва дар ин бобат вазири маорифи кишвар гуфт, нисбати нафароне, ки шакли таҳсилашон буҷавӣ буд, вале барои кор ба мактабҳо нарафтанд, донишгоҳҳо ба додгоҳ муроҷиат мекунанд, то онҳо маблағи таҳсилро пардохт намоянд.
Ҳамчунин, илова гардид, ки тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 3168 хатмкардаи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба ҷойи кор сафарбар гардиданд, ки нисбат ба соли таҳсили 2023-2024-ум 1833 нафар кам мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”