Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Лахш, Рашт ва Ванҷ. «Тоҷик Эйр» тасмим дорад хатсайри парвозҳоро зиёд кунад
Ширкати «Тоҷик Эйр» тасмим дорад, ки дар соли ҷорӣ парвозҳоро зиёд карда, дар хатсайри Душанбе-Ванҷ-Душанбе, Душанбе-Рашт-Душанбе, Душанбе-Лахш-Душанбе ба мусофирон хизмат намояд.
Бояд гуфт, ки ширкати «Тоҷик Эйр» чанде пеш парвозҳоро тариқи хатсайри Душанбе-Хоруғ-Душанбе, Душанбе-Кӯлоб-Душанбе ва Душанбе-Панҷакент-Душанбе роҳандозӣ карда буд. Дар ин хусус, Парвиз Шодмонзода, директори ширкати мазкур зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки давоми чор моҳи соли 2024 ширкат дар масири Душанбе-Хоруғ-Душанбе 29 парвоз анҷом дода, дар маҷмуъ ба 981 мусофир хизмат расонидааст.
Дар нишаст гуфта шуд, ки дар ҳоли ҳозир ширкати «Тоҷик Эйр» ба мусофирон танҳо бо як ҳавопаймои АН-28 (ЕУ-28736) хизмат мерасонад, аммо масъулин афзуданд, ки пас аз таъмир ду ҳавопаймои дигар низ ба хатсайрт мебароянд.
Тибқи иттилои масъулин бо мақсади осон кардани сафари сокинону меҳмонони кишвар ба минтақаҳои дурдасти гуногун парвозҳои дохилӣ роҳандозӣ шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки ширкати “Тоҷик Эйр” 3-юми октябри соли 2024 дар хатсайри Душанбе-Хоруғ, 15-уми январи соли 2025 дар хатсайри Душанбе-Кӯлоб ва 24-уми январи соли ҷорӣ дар масири Душанбе-Панҷакент парвозҳои мунтазамро оғоз кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”