27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:07, Душанбе
30.01.2025 15:49

Арал эҳё мешавад: ҳаҷми афзоиши об дар баҳри Арал ба сатҳи рекордӣ расид

Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, ки марҳилаи эҳёшавии баҳри Арал бо суръат амалӣ мешавад ва хабари умедбахш он аст, ки ҳаҷми об дар қисмати шимолии баҳр нисбат ба соли гузашта зиёд шуда, ба 27 миллиард метри мукааб расидааст.

Натиҷаи эҳёшавии баҳри Арал ба ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳури  Қазоқистон ва дигар кишварҳои минтақа марбут аст. Вазири захираҳои об ва обёрии Қазоқистон Нурҷон Нурҷигитов таъкид намуд, ки қисмати аввали ҳифзи лоиҳаи баҳри Арал анҷом ёфт. Дар пайи анҷоми марҳилаи аввал - ҳифзи баҳри Арали Шимолӣ ҳаҷми об дар баҳр 42 фоиз афзуда, ба 27 миллиард метри мукааб расид.

Гуфта мешавад, ки шӯр будани об қариб чор баробар кам шуда, ҳаҷми солонаи моҳидорӣ ба 8 ҳазор тонна расидааст.

Дар ин робита вазири захираҳои об ва обёрии Ҷумҳурии  Қазоқистон дар суҳбат бо сокинони минтақа, аз ҷумла сокинони ноҳияи Қизилруда маълумот дод.

Сардори раёсати Вазорати об ва обёрии Қазоқистон таъкид кард, ки бо супориши президенти ин кишвар марҳилаи дувуми барқарорсозии баҳри Аралро оғоз кардаанд. Тибқи иттилои сардори раёсат, барои амалӣ намудани супоришҳои президент Вазорати захираҳои об ва обёри Қазоқистон лоиҳаи “Рушди минтақавӣ ва барқарорсозии қисми шимолии баҳри Арал” – ро омода намуд.

Вазорат шарҳ дод, ки лоиҳа дар се самт амалӣ карда мешавад. Аз ҷумла, тадбирандешӣ оид ба зиёд намудани ҳаҷм ва самаранокии захираҳои об дар қисмати шимолии баҳри Арал, беҳтар намудани идоракунии захираҳои об, рушди моҳидорӣ ва экотуризм ва беҳтар намудани вазъи экологии минтақа дар назар дошта шудааст.

Бар асоси иттилоъи нав, дар соли 2024 дар баҳри Арал 2, 6 миллиард метри мукааб об зиёд шуд. Дар давраи обёрӣ ва кишти зироатҳо бошад, афзоиши об дар қисмати шимолии Баҳри Арал ба 1 миллиард метри мукааб расид.

Мақомоти қазоқистонӣ таъкид кардаанд, ки зиёд шудани об дар баҳри Арал дар натиҷаи тадбирҳо ва дуруст тақсим кардани оби Сирдарё ва сарфаи он имконпазир гардид.

“Ин рақамҳо натиҷаи корҳои мунтазам дар давоми ду соли охир аст. Мо бо кишварҳои ҳамсоя дар масъалаи сарфа ва тақсими одилонаи захираҳои об дар дарёҳои фаромарзӣ ба мувофиқа расидем. Чораҳои амалӣ андешида шуд. Мо гуфтушунидро давом дода, тамоми қувваро ба кор мебарем, ки саҳти обанборҳои муҳимро муътадил нигоҳ дорем. Лоиҳаи барқарорсозии баҳри Арал, пеш аз ҳама, ба беҳбуди вазъи экологии минтақа, рушди моҳипарварӣ ва сайёҳӣ, баланд бардоштани некуаҳволии мардуми минтақа нигаронида шудааст” – таъкид кард вазири захираҳои об ва обёрии Қазоқистон Нурҷон Нурҷигитов.

Натиҷаҳои дастомада умедҳоро барои эҳёи дубораи баҳри Арал зиёд кардааст, зеро барои аввалин бор дар қисматҳои шимолии он сатҳи об баланд шудааст. Тадбирҳои Ҳукумати Қазоқистон, ташаббусҳои экологии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва барномаҳои татбиқ намудаи созмонҳои ҷаҳонӣ натиҷаҳои хубро ба бор овардааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.