27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:09, Душанбе
30.01.2025 15:27

ВАО-и Амрико қарори Трамп барои мубориза бо “яҳудиситезӣ”-ро ифшо карданд

Рӯзномаи “Ню-Йорк-пост” иттилоъ медиҳад, ба санаде дастрасӣ пайдо кардаанд, ки нишон медиҳад, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мақсад дорад барои мубориза бо “яҳудиситезӣ” ва “Ҳамос” қарори иҷроӣ қабул кунад.

Тибқи иттилои ин рӯзнома Доналд Трамп дар қарор ба ниҳодҳои федералӣ дастур хоҳад дод, роҳҳое барои депорти фаъолоне, ки ба “яҳудиситезӣ” машғуланд, пайдо кунанд.

Ин қарор Прокуратураи Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро вазифадор мекунад, ки ҳамагуна изҳори назар ва ҳимоят аз “Ҳамос” –ро мавриди баррасӣ ва тафтишоти ҷиноӣ қарор диҳад.

Бар асоси гузориши рӯзнома, раисони ниҳодҳои давлатӣ вазифадор ҳастанд, то муддати 60 рӯз пешниҳодҳои худро дар ин хусус ба Кохи сафед пешниҳод намоянд.

Дар чорчӯби қарори мазкур фаъолони ҷомеаи шаҳрвандие, ки ба фаъолиятҳои зиддисаҳюнистӣ мепардозанд, аз Иёлоти Муттаҳиди Амрико депорт хоҳанд шуд.

Бо гузашти як ҳафта аз давраи дувуми президентии Доналд Трамп вазъияти сиёсӣ ва иҷтимоии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ҷаҳон пурошӯб шудааст. Сиёсати хасмонаи Доналд Трамп бо шарикони роҳбурдии ИМА аз як сӯ, аз сӯйи дигар сиёсатҳои миллигароёнаи ӯ мавқеияти геполитикӣ ва геосиёсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро дар ҳолати бунбаст қарор додааст.

Бархе аз сарони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо бо сиёсатҳои хориҷии Доналд Трамп қатъан мухолифат кардаанд. Дар садри ин кишварҳо, Фаронса ва Олмон қарор доранд.

Аз сӯйи дигар, пешниҳоди ӯ дар мавриди кӯчонидани фаластиниён аз минтақаи Ғазза ба кишвари дувум ва севум кишварҳои Халиҷи Форсро асабӣ кардааст. Президенти Миср пешниҳоди Доналд Трампро зулми таърихӣ дар ҳаққи мардуми Фаластин хонд ва таъкид кард, ки Ҷумҳурии Миср ба ин иқдоми золимона ҳамроҳ нахоҳад шуд.

Вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Ироқчӣ дар мусоҳиба бо телевизиони амрикоии “Скай-нюз” бо танз гуфт, ки Доналд Трамп ба ҷойи кӯчонидани мардуми Ғазза, Исроилҳоро ба ҷазираи Гриланд кӯчонад, то ҳам мушкили исроилҳо ҳал шавад ва ҳам масъалаи даъво бар сари ҷазираи Гриланд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.