27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
30.01.2025 15:11

Кашф ва мусодираи беш аз 2 тонна маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ ва Чин

СААД рӯзи чоршанбеи ҳафтаи ҷорӣ гуфт, ки бо ҳамкории кишварҳои минтақа зимни гузаронидани ду амалиёти ҷудогона беш аз ду тонна маводи мухаддирро кашф ва мусодира кардааст.

Тибқи иттилои Созмон, дар як амалиёт 1 тоннаву 113 килограм ва дар амалиёти дигар 1 тоннаву 84 килограм маводи мухаддирро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин кашф ва мусодира кардаанд.

Ин Созмон эълон кард, ки гузориши солонаи фаъолияти мубориза бар зидди қочоқи маводир мухаддир ба Созмони Милали Муттаҳид ирсол гардидааст.

Дар ин гузориши солонаи СААД таъкид шудааст, ки амалиёти мубориза бар қочоқи маводи мухаддир дар ду марҳила гузаронида шудааст.

Тибқи иттилои ин гузориш, дар марҳилаи аввали амалиёт се озмоишгоҳи зеризаминии коркарди маводи мухаддир аз байн бурда шуда, 660 сомонаи интернетии вобаста ба қочоқи маводи мухаддир шиносоӣ шудааст. Инчунин, дар ин марҳила 140 силоҳи гарм ва 7 ҳазору 885 аслиҳаи мухталиф кашф ва мусодира шудааст.

Дар марҳилаи дувуми амалиёт низ 13 озмоишгоҳи зеризаминӣ аз байн бурда шуда, 1 ҳазору 255 ҷинояти вобаста ба қочоқи маводи мухаддир шиносоӣ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ кишварҳои Федератсияи Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистон мебошанд.

Гузориши мусодира ва кашфи ҳаҷми бузурги маводи мухаддир дар ҳоле нашр мегардад, ки ҳафтаи гузашта дафтари мубориза бар зидди гардиши маводи мухаддири Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Тоҷикистон кушода шуд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.