Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Кашфи моддаи химиявии хлорат дар таркиби Coca-Cola. Дар Аврупо аз мағозаҳо ҷамъоварӣ намуданд
Мақомоти назорати маҳсулоти ғизоии Иттиҳоди Аврупо дар як иқдоми озмоишӣ исбот кардаанд, ки дар таркиби маҳсулоти ширкати истеҳсолии Кока-кола (Coca-Cola) моддаи химиявии хлорат мавҷуд аст. Ин моддаи химиявӣ агарчи барои поксозии об ва баъзе аз маводҳои ғизо истифода мешавад, аммо истифодаи аз меъёр зиёди он марговар дониста шудааст.
Телевизиони амрикоии “Скай-нюз” рӯзи сешанбе хабар дод, ки баъзе аз нӯшиданиҳо дар қутӣ ва буталҳои шишагӣ дар корхонае дар Белгия истеҳсол шудаанд, ки дар дохили он миқдори зиёди хлорат кашф шудааст. Маҳсулоте, ки дар таркибашон миқдори зиёди хлорат кашф шудааст, Спрайт, Фанта, Фюз-ти мебошад.
Ширкати Кока-кола дар Белгия ба хабаргузории Фаронса гуфт, ки нӯшиданиҳои олударо, ки аз моҳи ноябр то кунун дар Белгия, Голандия, Британия, Олмон, Фаронса, Луксембург паҳн шудаанд, ҷамъоварӣ кардаанд.
“Бештари маҳсулоти олуда ва фурӯхташуда қаблан аз рафҳои фурӯшгоҳҳо ҷамъоварӣ шудаанд ва мо ҳамчунон иқдомҳои лозимро барои ҷамъоварии боқимондаи маҳсулот дар бозор анҷом медиҳем”- таъкид кардааст ширкати Кока-кола.
Ҷамъоварии маҳсулоти Кока-кола дар Иттиҳоди Аврупо дар ҳолест, ки он яке аз нӯшиданиҳои серхаридор дар ҷаҳон, ба хусус кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”