Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Роналдо эътироф кард: “Месси беҳтарин футболбоз аст”
Ҳамлагари мунтахаби Португалия ва бошгоҳи арабии “Ал-Наср” Криштиану Роналдо билохира эътироф кард, ки футболбози аргентинӣ ва рақиби асосиаш дар майдони футбол Лео Месси беҳтарин футболбоз аст.
Пирс Морган, журналисти машҳури британӣ ва дӯсти Криштиану Роналдо ба нашрияи “givemesport” мусоҳиба дода, дар мавриди шинохти Роналдо нисбат ба Лео Месси низ гуфтааст.
- Рӯзе аз Роналдо пурсидам, ки ту дар корномаи варзишиат бо бисёр бозингарон ва зиддӣ бисёри дигар дар майдон бозӣ кардӣ, ба фикри ту беҳтарин футболбоз кист? Ӯ бидуни фикри зиёд ному насаби Лео Мессиро ба забон овард.
Ҳамчунин, журналист илова кардааст, ки Роналдо аз ҳолати варзишии футболбози аргентинӣ Лео Месси ба ҳайрат омада, ӯро тавсиф кардааст.
Бисёр хуб аст, ки чунин суханро мухлисони футбол аз забони Криштиану Роналдо нисбати корнома ва шахсияти Лео Месси мешунаванд, дар ҳоле ки ин ду футболбоз зиёда аз 15 сол рақиби сарсахти ҳамдигар дар майдон маҳсуб меёбанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”