Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Амрико ба Толибон барои хариди рифола 15 миллион доллар додааст
Намояндаи сенати Иёлоти Муттаҳиди Амрико гуфт, ки ҳукумати Ҷо Байден 15 миллион долларро барои хариди рифола ва доруҳои зидиҳомилагӣ ба гурӯҳи террористии Толибон додааст.
Раиси Кумитаи робитаҳои хориҷии сенати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо лаҳни тунд гуфт: “Вазорати корҳои хориҷии Ҷо Байнден 15 миллион доллар аз молиёти мардуми Амрикоро барои хариди рифола ба Толибон харҷ кард”.
Броэн Мест, раиси кумитаи робитаҳои хориҷии ИМА аз ҳукумати Ҷо Байден пурисд, ин иқдом чӣ манфиате барои ИМА дорад?
Танқиди шадиди ӯ пас аз боз доштани кумакҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ба истиснои кумак ба Исрилу Миср, сурат мегирад.
Боз доштани кумакҳои хориҷии ИМА такони шадид дар бозорҳои ҷаҳонӣ эҷод кардааст. Махсусан, пас аз хабари боз доштани кумакҳои хориҷӣ пули миллии афғонӣ дар бозори асъори ин кишвар беқурб шуд. Ҳоло дар бозори асъори Кобул як доллар 80 афғонӣ арзиш дорад.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қабл аз боз доштани кумакҳои хориҷӣ яке аз бузургтарин ҳомии молии гурӯҳи Толибон буд. Дар пайи ин иқдом, гурӯҳи террористии Толибон ба кормандонаш иттилоъ додааст, феълан барои гирифтани маош муроҷиат накунанд. Толибон гуфтаанд, ки маоши кормандони давлатиро пардохт карда наметавонанд.
Тибқи фармони Доналд Трамп кумакҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба муддати 90 рӯз боз дошта мешаванд. Фақат Исроил ва Миср аз ин фармон истисно мебошанд.
Сафорати ИМА дар Тоҷикистон эълон кард, ки фармони Доналд Трамп шомили кумакҳои ин кишвар ба Тоҷикистон низ мешавад. ИМА солона миллионҳо долларро барои соҳаҳои мухталиф дар Тоҷикистон кумак мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”