Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Қадрдонии як сокини пойтахт барои наҷоти ҷавондухтаре аз худкушӣ
“Реал Мадрид” боз “камбэк” кард. Бозии дидании бошгоҳи шоҳона ва “ПСВ” дар Лигаи чемпионҳо
Метрои Душанбе. Оғози сохтмони он маълум нест
Бо вуҷуди он ки чанде пеш хабарҳо дар мавриди оғози корҳои сохтмонии метро дар Душанбе нашр шуда буданд, аммо имрӯз Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки дар ин бобат сухан гуфтан барвақт аст.
Ба иттилои вазири нақлиёти Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир таҳияи таҳлили пешакии техникию иқтисодии метро идома дорад, ки дар назар аст моҳҳои март – апрели соли ҷорӣ ба анҷом расад. Ӯ афзуд, ки пас аз ин, лоиҳаи муфассали сохтмони метро омода хоҳад шуд.
Дар идома илова кард, ки “вақте ки ҳоло таҳлили техникию иқтисодӣ надорем, чӣ гуна метавонем дар бораи муҳлати сохтмон сухан ронем?”
Бино ба маълумоти Вазорат дар марҳилаи аввал нақшаи сохтмони се хатти метро мавҷуд аст – аз Сирки давлатӣ то дарвозаҳои ҷанубӣ, шимолӣ ва шарқии пойтахт.
Маврид ба зикр аст, ки метрои Душанбе бо кумаки молиявии Кореяи Ҷанубӣ сохта мешавад. Бонки Кореяи Ҷанубӣ барои гузаронидани корҳои пешакӣ 200 ҳазор доллар ҷудо мекунад ва он зеризаминӣ мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад