Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
30 кас ҳалоку 26 кас маҷруҳ шудаанд
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, дар давраи ҳисоботӣ дар корхонаву объектҳои зери назорати Хадамот 48 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 30 кас ҳалок ва 26 кас ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
Сабаби асосии сар задани ҳодисаҳои нохушро мақомот дар бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаҳо, беаҳмиятии ҷабрдидагон ҳангоми кор бо объекти хатарнок, риоя нагардидани қоидаҳои бехатарии саноатӣ дар рафти кор бо объекти истеҳсолии хатарнок, риоя накардани технологияи коркарди кон, ҳамчунин, камбуди мутахассисони соҳавӣ мебинад.
Тибқи иттилои масъулин ба 56 нафари зарардида (аз ҷумла 30 нафар фавтидагон) аз тарафи корхонаҳо, иттифоқҳои касаба ва шахсони воқеӣ дар асоси Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон кумакпулии яквақтаина, инчунин, кумакҳои пулӣ ва молӣ ба маблағи 8862156,0 сомонӣ расонида шуд.
Дар нишаст афзуда шуд, ки барои роҳ додан ба қоидавайронкуниҳо нисбати 7 шахси ҳуқуқӣ, 27 шахси мансабдор ва 5 шахси воқеӣ аз тарафи комиссияҳои тафтишотӣ ҷазои маъмурӣ татбиқ гардида, ҷаримабандӣ карда шудаанд.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки ҳангоми гузаронидани назорати техникӣ мутахассисони хадамот 3500 банди вайронкунии санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ошкор карданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”