27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:09, Душанбе
28.01.2025 14:34

Конвенсия оид ба ҳуқуқи маълулон ба тасвиб мерасад

Тибқи иттилои Сайдалӣ Бобохонзода, сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Нақшаи миллӣ барои қабули Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбон таҳия шуда, дар назар аст, ки соли ҷорӣ ба тасвиб бирасад.

Дар нишасти матбуотии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, ки 27-уми январ доир гашт, афзуда шуд, Конвенсия «Дар бораи ҳуқуқи маъюбон» ҳанӯз соли 2018 аз сӯи президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расида буд.

Моҳи декабри соли 2006 аз тарафи Маҷмаи умуми СММ Конвенсия «Дар бораи ҳуқуқи маъюбон» қабул шудаву соли 2008 ба қувваи иҷро даромада буд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми марти соли 2018 аъзои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюбон мебошад.

Конвенсияи мазкур масъалаҳои гуногуни алоқаманд ба ҳуқуқи маъюбонро дар бар мегирад. Чунончӣ, дар банди сеюми моддаи 7 омадааст: “Давлатҳои аъзо баҳри таъмини он мекӯшанд, ки кӯдакони маъюб барои  ифодаи  озоди  ақидаҳои  хеш  оид  ба  тамоми  масъалаҳои  ба  онҳо дахлдошта  ҳуқуқ  дошта  бошанд,  зимнан  ба  ақидаҳои  кӯдакон  бояд мутобиқ ба синну сол ва камолоти онҳо  аҳамияти зарурӣ дода шавад ва дар  қатори  кӯдакони  дигар  аз  ёрие  бархӯрдор  гардад,  ки  ба  маъюбӣ, синну сол ва татбиқи ин ҳуқуқҳо мувофиқат кунад”.

Инчунин, дар нишаст гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби шахсони имконияташон маҳдуд ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиатҳо барои бо кор таъмин кардан, расонидани кумакҳои иҷтимоӣ, гузаштан аз ташхиси тиббӣ, гирифтани замин ва манзили зист ворид гардидаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.