27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
28.01.2025 13:27

Тиҷорати Чин бо Осиёи Марказӣ рекордро шикаст. Тоҷикистон дар ҷойи 5-ум қарор гирифт

Дар соли 2024 табодули тиҷорат миёни Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба сатҳи рекордӣ расид. Табодули тиҷорат миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин дар поёни соли 2024 ба 94,82 миллиард доллар расид. Дар ин хусус хабаргузории “Казинформ” хабар медиҳад.

Иттилооти ҳаҷми тиҷорат миёни кишварҳои Осиёи Марказиро хадамоти гумруки Ҷумҳурии Халқии Чин нашр кардааст.

Дар раддабандии шарикони тиҷоратии Чин дар Осиёи Марказӣ Қазоқистон дар ҷойи якум (бо ҳаҷми тиҷорати 43,83 миллард долллар), Қирғизистон дар ҷойи дувум (бо ҳаҷми тиҷорати 22,71 миллард доллар), Ӯзбекистон дар ҷойи сеюм (бо ҳаҷми тиҷорати 13,78 миллиард доллар), Туркманистон дар ҷойи чорум (бо ҳаҷми тиҷорати 10,65 миллиард доллар) ва Тоҷикистон дар ҷойи панҷум (бо ҳаҷми тиҷорати 3,54 миллиард доллар) қарор гирифт.

Қобили зикр аст, ки дар соли 2023 гардиши молии Чин бо кишварҳои Осиёи Марказӣ 89, 4 миллиард долларро ташкил дода буд. Ёдовар мешавем, ки дар соли 2024 ҳаҷми мубодилоти тиҷоратии Чин бо дигар кишварҳо ба 6,16 триллион доллар расид. Тиҷорати Чин нисбат ба соли гузашта қариб 1 триллион доллар афзоиш ёфтааст.

Хабаргузориҳо менависанд, ки Маҷлиси солонаи парлумони Чин 5-уми марти соли ҷорӣ баргузор мешавад, ки дар он нишондиҳандаҳои асосии рушди иқтисодии Чин барои соли 2025 эълон хоҳад шуд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.