27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:09, Душанбе
28.01.2025 11:10

СММ аз Тоҷикистон хост муҳоҷирони афғонистониро депорт накунад

Созмони Милали Муттаҳид аз Ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки муҳоҷирони афғонистоние, ки дар Тоҷикистон ҳамчун паноҳанда қарор доранд, депорт накунад. Созмони Милал гуфтааст, ки депорти муҳоҷирон ба Афғонистон боиси озору азият ва шиканҷаи онҳо мешавад. Ин нуктаро 27-уми январ Намояндаи олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон гуфтааст.

Изҳороти намояндаи олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон дар ҳоле нашр мешавад, ки тибқи гузоришҳо дар моҳҳои гузашта чандто паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз Тоҷикистон депорт шудаанд.

Ҳазорон муҳоҷири афғонистонӣ аз солҳои 1990 ба ин сӯ дар Тоҷикистон зиндагиву кор мекунанд. Пас аз ин ки гурӯҳи террористии Толибон дубора ҳокимиятро дар Афғонистон ба даст гирифтанд, ҳазорон афғонистонӣ ба хотири наҷоти ҷон ва дур мондан аз боздошту озору азияти ин гурӯҳ  ба кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Тоҷикистон муҳоҷират намуданд. Ҳоло раванди депорти муҳоҷирони афғонистонӣ на фақат дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳое чун Эрон, Туркия, Олмон ва ғайра суръат мегирад. Созмони Милали Муттаҳид ба Покистон низ ҳушдор дод, ки аз ихроҷ ё депорти паноҳҷӯёни афғонистонӣ худдорӣ кунад.

Президенти тозаинтихоби Амрико Доналд Трамп сиёсати сахтгароёнаеро бар алайҳи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар ИМА барқарор кардааст. Ҳукумати ӯ вуруди паноҳҷӯёни афғонистониро низ боз дошт. Ин амри Доналд Трамп ҳазорон афғонистониҳоеро, ки замоне бо Амрико ҳамкорӣ доштанд, нигарон кардааст. Зеро дар сурати баргашт ба Афғонистон ба ҷурми ҳамкорӣ бо ИМА аз сӯйи гурӯҳи террористии Толибон мавриди шиканҷа ва бадрафторӣ қарор хоҳанд гирифт.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.