Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Нишасти Иттиҳоди Аврупо ва 5 кишвари Осиёи Марказӣ моҳи апрел дар Самарқанд баргузор мешавад
Нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо қарор аст моҳи апрели соли 2024 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир шавад. Дар ин хусус, мақомоти расмии Ӯзбекистон хабар додаанд.
Масъалаи корҳои омодагӣ ба баргузории нишастро ёвари президенти Ӯзбекистон Саида Мирзиёева бо сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Тойво Клаар баррасӣ карданд.
“Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тошканд изҳори омодагӣ кард, ки таҳаввулоти кишварҳои Осиёи Марказиро, ки ба ҳизфи ҳуқуқии занон ва тавонмандсозии иқтисодӣ нигаронида шудааст, дастгирӣ намояд. Ӯ, ҳамчунин, таъкид кард, ки Ӯзбекистон ба таърихи ғании худ таваҷҷуҳ мекунад, ки он бояд ҳамеша мояи ифтихор бошад ва ба таҳкими ҳувияти миллии кишвар мусоидат намояд”, навиштааст Саида Мирзиёева дар саҳифаи телеграми худ.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Ӯзбекистон пешниҳод намуда буд, ки дар Тошканд форуми минтақавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргаузор шавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”