27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:53, Душанбе
28.01.2025 09:25

Мақоми сипоҳ мегӯяд Эрон аз Русия ҷангандаи СУХУ-35 харидааст

Як мақоми Сипоҳи посдорони Ҷумҳурии Исломии Эрон тасдиқ кард, ки кишвараш аз Федератсияи Русия ҷангандаи Суху-35 харидааст.

Ин мақоми Сипоҳи посдорони Эрон аз ҳамкориҳои фазояндаи ин кишвар бо Федератсияи Русия хабар дода, аввалин бор хариди ҷангандаи Суху-35  аз Федератсияи Русияро тасдиқ кард.

Алӣ Шодмонӣ, муовини ҳамоҳангкунандаи қароргоҳи маркази Хотам-ул-анбиё дар суҳбат бо хабаргузории “Исно”-и Эрон дар хусуси хариди ҷангандаҳо аз Русия шарҳ додааст. Аммо ӯ ишора ба теъдоди хариди ҷангандаҳо чизе нагуфтааст.

“Ҳар замоне, ки лозим бошад, барои тақвияти неруи ҳавоӣ, заминӣ ва дарёии худ хариди низомӣ анҷом медиҳем ва тавлиди таҷҳизоти низомӣ низ суръат гирифтааст” – гуфт Алӣ Шодмонӣ.

Ин фармондеҳи Сипоҳи посдорони Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба рақиби низомии Эрон дар минтақа - Исроил чунин гуфта: “Агар душман ҳамоқат кунад, таъми талхи исобати мушакҳои моро хоҳад чашид ва ҳеч як аз манфиатҳояш дар сарзамини ишғолӣ маҳфуз намемонад”.

Чанде қабл, моҳи январи ҳамин сол президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён ва президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мувофиқатномаи ҳамкории стратегии ҷомеъро имзо карданд, ки дар он дар хусуси фурӯши аслиҳа ишора нашудааст. Аммо дар он мувофиқатнома тазаккур ёфтааст, ки ду кишвар “ҳамкории низомӣ-фаннӣ” –и худро рушд хоҳанд дод.

Рейтерз хабар медиҳад, ки неруҳои ҳавоии Ҷумҳурии Исломии Эрон танҳо чанд фарванд ҳавопаймои ҷангӣ, аз ҷумла ҷангандаҳои русӣ ва ҳамчунин, ҷангандаҳои амрикоии моделҳои қадимиро дар ихтиёр доранд, ки қабл аз Инқилоби Исломӣ (соли 1979) харида шуда буданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.