Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
«Дастурамали либосҳои тавсиявӣ...» бори дуюм нашр мешавад
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим дорад, соли ҷорӣ «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон»-ро бо тағйиру иловаҳо бори дигар нашр карда, дастраси мардум гардонад.
Бинобар иттилои АМИТ «Ховар», дастурамали мазкур аз 16 боб иборат буда, либосҳои тавсиявии он аз наврасони 7-сола оғоз мешаванд.
Гуфта мешавад, ки лоиҳаи «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон»-ро намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оила ва Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намудаанд.
Дастурамали мазкур танҳо хусусияти тавсиявӣ дорад. Дар он пӯшидани либос дар кӯча, дар рӯзҳои истироҳат ва ҷашну маросим тавсия дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки китоби «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон» ҳанӯз соли 2018 тасдиқ ва нашр гардида буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”