Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Лукашенко дар интихобот бо беш аз 87,6% овозҳо пирӯз шуд
Александр Лукашенко бо ба даст овардани 87,6 дарсад раъйи интихобкунандагон президенти Ҷумҳурии Беларусия интихоб гардид.
Интихоботи президентӣ дар Беларусия 26-уми январ оғоз гардид ва нозирон аз кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар кишварҳо ҳузур доштанд.
Иттиҳоди Аврупо интихоботи президентӣ дар Беларусияро “сохта” унвон кард ва гуфт, ки натиҷаҳои онро қабул нахоҳад кард.
Дмитрий Песков, сухангӯи президент Владимир Путин дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки пирӯзии Александ Лукашенко қабл аз ин боварибахш буд.
“Президент Путин Александ Григоревич Лукашенкоро бо пирӯзии боварибахшаш дар интихобот ва баргузории интихоботи бомуваффақият табрик гуфт”- таъкид кард Дмитрий Песков.
Сухангӯи Владимир Путин афзуд, ки интихобот комилан қонунӣ, хуб, созмонёфта ва шаффоф буд.
Президенти тозаинтихоби Беларусия Александр Лукашенко пас аз эълони пирӯзиаш дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки бисёр талош намуданд, то интихобот бе ягон хато гузарад: “Барои мо баҳо ва хулосаи шумо муҳим аст, зеро шумо ҳамеша дӯстони самимии мо ҳастед. Ва ман мехоҳам, ки шумо ростқавл бошед. Ман изҳороти пешакии Шуморо шунидам. Шояд дар ягон ҷо кори хато карда бошем ё нодуруст кор карда бошем. Дар интихобот мо кӯшидем, ки ҳама корро чунон демократӣ анҷом диҳем, ҳатто душмани охирини мо ба мо эрод нагирад” – гуфт Александ Лукашенко.
Дар пайи эълони пирӯзии Александ Лукашенко роҳбарони як қатор кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Федератсияи Русия, Чумҳурии Халқии Чин, Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва ғайра президентро табрик гуфтанд.
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба муносибати пирӯзӣ дар интихоботи президентӣ Александ Лукашенко, президенти Ҷумҳурии Беларусияро табрик намуданд: «Дар робита ба пирӯзии комилатон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Беларус ба Шумо табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёти инҷонибро иброз менамоям.
Натиҷаҳои овоздиҳии анҷомёфта ва иштироки фаъоли интихобкунандагон дар он боз ҳам сатҳи баланди эътимод ва ҷонибдории васеи ҷомеаи Беларусро аз роҳи стратегии Шумо, ки ҷиҳати рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодӣ ва таҳкими мавқеи кишвар дар арсаи байналмилалӣ татбиқ мегардад, собит сохтанд».
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”