27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
27.01.2025 15:58

Бонки ҷаҳонӣ рушди бесобиқаи иқтисоди Ӯзбекистон дар солҳои 2025-2026-ро пешгӯӣ кард

Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши нави худ таъкид кардааст, ки дар солҳои 2025-2026 суръати рушди иқтисодии Ӯзбекистон меафзояд, ки ин баландтарин нишондиҳанда дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ хоҳад буд.

Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши нави худ дурнамои иқтисодии ҷаҳонро нашр кард, ки дар он таҳлили тамоюлҳои ҷории рушди иқтисодӣ, пешбинӣ ва хатарҳои эҳтимолӣ барои иқтисодиёти ҷаҳон, инчунин, минтақаҳои алоҳида ба мисли кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказиро дар бар мегирад.

Бар асоси гузориши иқтисодшиносони Бонки ҷаҳонӣ рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилии Ӯзбекистон дар поёни соли 2024 ба 6% расидааст. Бонки ҷаҳонӣ пешбинӣ менамояд, ки Ӯзбекистон дар солҳои 2025 8%, 2026 6, 9 % рушд хоҳад дошт, ки ин яке аз баландтарин нишондиҳандаҳо дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

Қобили зикр аст, ки соли 2024 маҷмӯи маҳсулоти дохилии Ӯзбекистон ба 115 миллиард доллар расид.

Қаблан, хабар нашр шуд, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилии Ӯзбекистон дар панҷ соли ахир ду баробар афзуда, аз марзи 100 миллиард доллар гузашт.

Ба иловаи ин, Ӯзбекистон тасмим гирифтааст, ки барои рушди иқтисодӣ дар соли 2025 43 миллиард доллар сармоягузорӣ кунад.

Инчунин, интиқоли пул ба Ӯзбекистон дар соли 2024 аз 14 миллиард доллар гузаштааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.