Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Аббос Ироқчӣ ба Толибон: “Амнияти форсизабонон ва шиаён таъмин шавад”
Вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Ироқчӣ бо ҳайате бо сафари расмӣ вориди Кобул шуда, бо мақомоти аршади ин гурӯҳи террористӣ дидор ва гуфтугӯ намуд. Аббос Ироқчӣ дар мулоқот бо сарони Толибон таъкид кардааст, ки амнияти ақвом, тоифаҳо ва бахусус, форсизабонон ва шиаён таъмин шавад.
Вазири корҳои хориҷии Эрон дар ин сафар бо раиси вазирони Толибон Мулло Ҳасан Охунд, вазири корҳои хориҷии Толибон Амирхон Муттақӣ, вазири дифои ин гурӯҳ Мулло Ёқуб дидор ва мулоқот кард.
Вазорати корҳои хориҷии Эрон дар иттилоияе навишт, ки Аббос Ироқчӣ дар дидор бо сарони Толибон, мушкилоти об, таъмини амнияти ақвом, ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва муборизаи муштарак бо терроризм, бахусус мубориза бо гурӯҳи террористии ДОИШ-ро баррасӣ кард.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Эрон, раиси вазирони Толибон хостори афзоиши ҳамкории Эрон ба манзури таъмини амнияти марзҳо ва пешгирӣ аз нуфузи гурӯҳҳои террористӣ шудааст. Қобили зикр аст, ки Толибон аз шохаи хуросонии ДОИШ эҳсоси таҳдид мекунанд. Ин гурӯҳ тавонист дар Афғонистон ва Эрон ҳамлаҳои маргбор анҷом диҳад. Толибон гуфтаанд, ки ДОИШ-ро саркуб кардаанд, вале ин гурӯҳи террористӣ то кунун чандин мақоми Толибонро террор кардааст. Ҳамчунин, ин гурӯҳ, ҳамлаҳои маргбор ба шиаёни Афғонистон анҷом додааст.
“Аббос Ироқчӣ таъмини амнияти куллии ақвом, тоифаҳо ва форсизабононро дар Афғонистон муҳим дониста, ба вижа бар таъмини амнияти шиаён ва форсизабонон таъкид кард”- менависад Вазорати корҳои хориҷаи Эрон.
“Масъалаҳои мухталиф миёни Эрон ва Афғонистон вуҷуд дорад ва барои мо проблема ё монеаи миллӣ ба шумор мераванд ва инҳоро мебояд бо мақомоти ҳукумати сапарасти Афғонистон ба баҳс гузорем ва тавонем ба ҷамъбандӣ расем”- афзудааст Аббос Ироқчӣ дар суҳбат бо хабарнигорон.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”