27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:50, Душанбе
25.01.2025 13:15

Соли пуркори СААД дар соли 2025. Роҳбарон аз таъмини амнияти минтақа ҳимоят карданд

Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти яксолаи Созмон гуфт, ки имсол соли пуркор буд ва ҳамаи роҳбарони узви таъкид ба таъминияти амнияти минтақа карданд.

Имонқулӣ Тасмагаметов таъкид кард, ки муваффақ шудем, тамоми барномаҳоро тасвиб намоем. Дар ин сол, афзуд ӯ, тасмимҳои созанда ва ҳадафманд ба хотири тазмини амнияти ҷамъӣ гирифта шуд.

“Дар охирин нишасти Созмон сарони кишварҳо қасди худро барои анҷоми ҳар кори лозим барои ҳимоят аз талошҳои ҷамъӣ барои тазмини амнияти минтақа таъйид карданд. Теъдоди асноди дар заминаҳои хоси фаъолияти СААД бо ҳадафи беҳбуди онҳо ва ба таври куллӣ тазмини амният дар ҳавзаи масъулияти Созмон ба тасвиб расид” - таъкид кард Имонқулӣ Тасмагаметов.

Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ таъкид кард, ки як қатор тасмимҳои муҳим дар маҷлиси Шурои ин созмон мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки натиҷаҳои калиддии он ба шарҳи зер аст.

- Баёнияи СААД, ки тавассути сарони кишварҳо тасвиб шуд;

- Тасмими Шурои СААД дар мавриди барномаи ҳадафманди байнидавлатии созмон барои тақвияти марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон, ки иҷрои он аз соли 2025 оғоз хоҳад шуд. Ин барнома шомили иқдомҳои хосе бо ҳадафи тазмини амнияти бахши ҷанубии минтақаи масъулияти СААД аст;

- Тасмими Шурои СААД дар мавриди тақвияти бештари равобити чандҷониба дар чорчӯби созмони мазкур.

- Баёнияи Шурои СААД дар робита бо ҳаштодумин солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1941-1945 ва тасмим дар мавриди тарҳи рӯйдодҳои ҷашни 80-умин солагрди пирӯзӣ дар ҶБВ.

Имонқулӣ Тасмагаметов ҳамчунин, таъкид кард, ки асноди вобаста ба таҷҳизонидани қисмҳои неруҳои СААД бо таслиҳот ва таҷҳизоти низомии муосир ва пешрафтаи русӣ низ дар дастури кори Созмон қарор гирифт.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.