Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Путин: “Омодаем дар бораи ҷанги Украина ва қимматҳои энергетикӣ бо Трамп музокира кунем”
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин гуфт, омодааст бо Доналд Трамп барои баррасии ҷанги Украина ва қиматҳои энергетика дар бозори ҷаҳонӣ дидор ва музокира кунад.
Дархости Владимир Путин дар ҳоле матраҳ мешавад, ки Доналд Трамп дар рӯзҳои аввали давлати ҷадиди худ ба масъалаҳои вобаста ба ҷанги Украина ва қимматҳои энергетика таъкиди хос доштааст.
Владимир Путин таъкид кард, ки гуфтугӯи сулҳи ҷиддӣ бо Украина вақте мумкин хоҳад шуд, ки Аврупо ба Владимир Зелинский, президенти Украина фишор биоварад, то фармони соли 2022-и худ дар робита ба манъи музокира бо Русияро бекор кунад.
Владимир Путин Доналд Трампро фарди “ҳушманди амалгаро” тавсиф кард, вале аз таҳдидҳои охири ӯ барои эҷод намудани таҳримҳо ва тарофаҳои нав бар зидди Русия интиқод намуд.
“Беҳтар аст бо дар назар гирифтани воқеиятҳои имрӯз ва дар фазои ором дар бораи масоиле, ки барои ҳар ду кишвар аҳамият дорад, дидор кунем. Мо омодаи гуфтугӯ ҳастем, вале ин мавзуъ ба тасмимгирии ҷониби амрикоӣ вобастагӣ дорад”- гуфт президенти Федератсияи Русия Владимир Путин.
Ин изҳори назари Владимир Путинро метавон қавитарин паём аз ҷониби Кремлин барои бозгашт ва тамоюли дипломатӣ бо Вашингтон баъди се соли қатъи иртиботи дипломатӣ дар сатҳи боло бо сабаби ҷанги Украина донист.
Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳафтаи гузашта барои дуюмин бор ба ҳайси президенти мунтахаб савганд ёд кард. Ӯ борҳо таъкид кард, ки бояд ба ҷанги Украина поён дода шавад. Доналд Трамп дар ибтидо ин ҷангро “бемаънӣ” ва барои иқтисоди Русия зиёнбор тавсиф карда буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”