Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
ҲАҶМИ ТИҶОРАТИ ӮЗБЕКИСТОНУ ҚАЗОҚИСТОН БА 4,2 МИЛЛИАРД ДОЛЛАР РАСИД
Дар соли 2024 ҳаҷми мубодилоти тиҷоратӣ миёни Ӯзбекистон ва Қазоқистон ба 4,2 миллиард доллар расид.
Тиби иттилои ВАО, Ӯзбекистон 1,4 миллиард долла ба Қазоқистон содирот доштааст ва воридоташ аз Қазоқистон 2,8 миллиард доллар будааст.
Қаблан Шавкат Мирзиёев, президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон гуфта буд, ки Тошканд мақсад дорад, қонунҳои рафтуомад дар гузаргоҳҳои марзӣ бо Қазоқистону Тоҷикистонро сода кунад.
Дар ин миён, Қазоқистон дар ҳоли сохтани роҳи оҳани нав бо Ӯзбекистон аст.
Афзун бар ин, раванди пайвастани Ӯзбекистон ба бозори тиҷорати ҷаҳонӣ дар ҳоли ниҳоӣ шудан аст.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳоли ҳозир Ӯзбекистон бо 198 кишвари ҷаҳон робитаҳои тиҷоратӣ дорад ва гардиши тиҷорати хориҷии ин кишвар аз моҳи январ то декабри соли 2024 ба 69,9 миллиард доллар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,8 дарсад афзоиш ёфтааст.
Бо ин тартиб, кулли ҳаҷми содирот 26,9 миллиард (8, 4 фоиз) ва воридот 38, 9 миллиард доллар (0, 8 фоиз)-ро ташкил додааст. Чин ва Русия шарикони асосии Ӯзбекистон дар тиҷорати хориҷӣ боқӣ мемонанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”