27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
24.01.2025 20:40

СЕ ПАЁМИ ХУШИ АДАБӢ АЗ ЭРОН

Дар пайи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён ба Тоҷикистон бештар аз ҳама ба пайвандҳои фарҳангиву забонии мардумони ин ду кишвар таъкид шуд. Ин аст, ки Сарвари давлати мо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд: “Бо таваҷҷуҳ ба муштаракоти зиёди таърихиву фарҳангӣ ва забонӣ, тавсеаи беш аз пеши равобит дар соҳаҳои илму фарҳанг ва омӯзишу пажӯҳиш зарур дониста шуд”. Аз тарафи роҳбарони ду давлат қироат шудани пораҳо аз ашъори устод Рӯдакӣ дар ҷаҳони форсизабонон шодиву нишот афзуд ва бори дигар собит шуд, ки бошандагони ин ду қаламрав ду шохаи пурбари як дарахти тануманде бо номи Ориёнои бузурганд.

Дар ин радиф, пажӯҳишгарони эронӣ чанд кори муҳими илмиву адабиро ба сомон расонданд, ки робитаҳои фарҳангиро таҳким мебахшанд. Давоми чанд рӯзи охир се паёми хуш расид, ки дар муаррифии адабиёт ва чеҳраҳои ягонаи адабии ин ду кишвар муҳиманд.

РӮЗИ РӮДАКӢ ДАР ДУ КИШВАР ҶАШН ГИРИФТА МЕШАВАД

Дар Ҳамоиши "Рӯдакӣ ва пайвандҳои фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон", ки дар Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад баргузор шуд, китоби “Ёди шеъри Рӯдакӣ ояд ҳаме" аз Аълохон Афсаҳзод, рӯдакишиноси машҳур, дар бораи зиндагӣ ва осори Одамушшуаро бо хатти ниёгон рӯнамоӣ гардид. Дар ҳамоиш як гурӯҳ олимони тоҷик бо сарварии директори Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ Фарангиз Шарифзода иштирок ва суханронӣ доштанд.
Дар ҷамъбасти ин ҳамоиш Ҳусейн Симоии Сарроф, вазири улум, таҳқиқот ва фановарии Эрон, Рӯдакиро яке аз ҳалқаҳои аслии васли Эрони фарҳангӣ ва намоде аз адабиёт ва тамаддун номид.
Китоб дар интишороти "Хирадгон", дар Теҳрон бо теъдоди 500 нусха чоп шуда, 267 саҳифаро фаро мегирад.  Ба китоби мазкур, ки рӯзгору осори Султони шоиронро ба баҳсу баррасӣ кашидааст, доктор Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ, пажӯҳишгари номвари эронӣ, сарсухан навишта. 
Доктор Ёҳақӣ дар муқаддимаи худ аз оғози рӯдакипажӯҳӣ ва нахустин талошҳо дар ин арса, ки бо ҳиммати ду тан аз донишмандони бузург – Саиди Нафисӣ ва Садриддин Айнӣ оғоз ёфтааст, ёдовар шуда, пешинаи ин корзорро ба номи ин ду тан гираҳ мезанад ва аз тадвину таълифи "Донишномаи Рӯдакӣ" дар Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ намуда, барҳақ менависад: "Рӯдакӣ фасли муштарак ва танҳо шоири бемасъала ва мавриди эҳтироми ҳамаи форсизабонони олам аст, ки бо вуҷуди миқдори каме, ки аз ашъори ӯ барҷой монда, таъсири мондагоре дар фазои забону адаби форсӣ доштааст. Одамушшуаро баромада ва саркардаи анбӯҳи шоиронест, ки дар асри дурахшони боландагии забони форсӣ (дарӣ, тоҷикӣ), яъне рӯзгори Сомониён сар бароварда ва пояҳои ин забонро дар сарзамини фарҳангхези Варорӯд зери ҳимояти амирону вазирони кордони Сомонӣ устувор кардааст".
Дар поёни ҳамоиш баёнияе иборат аз 10 банд қабул шуд, ки мувофиқи он, бар асоси пешниҳоди сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ, 22-юми сентябр ба унвони “Рӯзи муштараки бузургдошти Рӯдакӣ дар ҳар ду кишвар – Тоҷикистон ва Эрон” ҳар сол ҷашн гирифта шавад.

“НОМАҲОИ АБУЛҚОСИМ ЛОҲУТӢ  ВА САДРИДДИН АЙНӢ” ДАР ЭРОН

Китоби “Номаҳои Абулқосими Лоҳутӣ ва Садриддин Айнӣ” бо кӯшиши як тан аз шефтагони мероси гаронарзиши ин ду устоди бузургвор Муҳсини Фараҳбар ба тозагӣ дар Теҳрон тавассути интишороти "Шерозаи китоби мо" ба зевари табъ ороста шуд. 

Китоб аз се бахш иборат аст. Бахши аввал “Дӯстии ду устод” унвон дошта, дар он мақолаҳои тадқиқӣ ва меҳрномаҳои Силсилабону Лоҳутӣ, Камол Айнӣ, Абдухолиқ Набавӣ, Абдунабӣ Сатторзода, Рустам Ваҳҳобзода, Масъуд Ирфониён ва Матлубаи Мирзоюнус фароҳам омадааст.
Бахши дувуми китоб “Номаҳо” унвон дошта, 92 мактуби ду устоди бузургвори суханро дар бар мегирад.
Бахши сеюми китоб “Пайвастҳо” буда, гоҳшумори зиндагии Абулқосим Лоҳутӣ ва Садриддин Айниро ба таври муфассал гирд овардааст. Дар охири китоб як миқдор аксҳои таърихӣ ва мондагори ду устод, ки баёнгари дӯстии самимона ва ҳамкориҳои судманди адабии онҳост, афзуда шудаанд. Шарҳи калимаву таъбирҳои душворфаҳм дар охири китоб барои дуруст дарк намудани матни номаҳо ба хонанда ёрӣ мерасонад.

ЧОПИ “ОДИНА”-И УСТОД САДРИДДИН АЙНӢ БО ХАТТИ НИЁГОН

Романи “Одина”-и устод Садриддин Айнӣ бо кӯшиши адабиётшиноси эронӣ Муҳсини Фараҳбар дар Эрон рӯи чоп омад. Бояд гуфт, ки Муҳсини Фараҳбар муддате дар Тоҷикистон буд ва пайи пажӯҳиши осору рӯзгори устодон Абулқосими Лоҳутӣ ва Садриддин Айнӣ мегашт. Инак, ганҷи ранҷи чандсолаашро дар чопи китоби “Одина” пешниҳод кард. Бино ба гуфтаи ӯ, Садриддини Айнӣ аз бузургтарин адибони форсигӯи Осиёи Марказӣ буда, омӯхтани осораш барои эрониён сахт муфид мебошад. Ӯ менависад: “Осори Садриддин Айнӣ нақши арзанда дар таҳаввулоти фарҳангиву адабии Варорӯд (Мовароуннаҳр) дар садаи бистум доштааст”.
Дар Эрон нақша доранд, ки ҳамаи асарҳои устодро давра ба давра бо хатти ниёгон пешниҳоди хонандагони бешумори эронӣ гардонда, дар ҷодаи ҳамбастагии фарҳангии ду кишвар саҳм бигзоранд.

Бознашр аз “Ҷумҳурият”, №15 аз 21.01.2025

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.