27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
“Паймон”-и Фараҳманд Каримов аз дӯстиву пайвандии Тоҷикистону Эрон мегӯяд
Фараҳманд Каримов, сарояндаи ҷавон таронаи навбатиашро бо номи “Паймон” нашр кард, ки аз дӯстиву пайвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон қисса мекунад.
Суруди “Паймон” пас аз сафари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон нашр шуд ва намоҳангаш аз лаҳзаҳои гуногуни ин сафар сохта шудааст.
Матни таронаи мазкур ба қалами Шоираи Раҳимҷон тааллуқ дорад, аммо нақароти он байти машҳури Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошад:
Ҳеч шодӣ нест андар ин ҷаҳон,
Бартар аз дидори рӯи дӯстон.
Бояд гуфт, ки ҳамин ду мисраъро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён қироат карда буданд.
То имрӯз таронаи “Паймон”-ро танҳо дар саҳифаи шахсии сароянда зиёда аз 60 ҳазор кас бозбинӣ кардаанд. Дар ҳоле ки овозхонҳои мо ба ин гуна мавзуъҳо таваҷҷуҳи кам доранд, ин миқдор тамошобин пайдо кардани таронаи мазкур нишондиҳандаи баланд аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”