Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
1 шаҳрванди Чинро дар Тахори Афғонистон террор карданд
Як шаҳрванди Ҷумҳурии халқии Хитой, ки аз он бо исми Ли дар ВАО ном бурда мешавад, дар вилояти Тахори Афғонистон мавриди ҳамла қарор гирифта, кушта шудааст.
Тибқи иттилои ВАО-и Афғонистон ин шаҳрванди чинӣ бидуни иттилои мақомоти амниятии вилоят роҳии ноҳияи Дашти Қалъаи Тахор будааст, ки дар роҳ тавассути афроди ношинос кушта мешавад.
Муҳаммад Акбар, сухангӯи полиси гурӯҳи террористии Толибон дар вилояти Тахор ин хабарро тасдиқ карда, гуфтааст, ин шаҳрванди чинӣ бидуни ин ки масъулони амниятиро дар ҷараён гузорад, ба ҷои номаълуме ҳаракат кардааст.
Пас аз ҳокимияти гурӯҳи террористии Толибон куштани шаҳрвандони хориҷӣ дар Афғонистон кам рӯх медиҳад. Ҳодисаи куштори шаҳрванди чинӣ вокуниши Вазорати корҳои хориҷии Чинро низ барангехтааст.
Ду гурӯҳ, яке шохаи ДИИШ-и Хуросон ва дигаре Ҷабҳаи басиҷи миллӣ гуфтаанд, ки куштори шаҳрванди чинӣ кори дасти онҳо буда.
Ҷабҳаи басиҷи миллӣ масъулияти куштани шаҳрванди Чинро бар уҳда гирифта, иддао кардааст, ки мошини ӯро мавриди ҳамла қарор додааст. Ҷабҳаи зикршуда бидуни ин ки ҷузъиёт бидиҳад, иддао кардааст, шаҳрванди Чин ба истихбороти Толибон дар мавриди назорат бар шабакаҳои иҷтимоӣ омӯзиш медодааст. Иддаои ин ҷабҳа дар ҳолест, ки ДИИШ-и Хуросон дар сомонаи расмияш масъулияти қатли шаҳрванди Чинро бар уҳда гирифтааст.
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин дар нишасти хабарӣ гуфт, ки мавзуъро пайгирӣ мекунад ва сафорат талоши худро барои муҳофизат аз ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони Чин ва амнияти онҳо иқдом хоҳад кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”