27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:44, Душанбе
24.01.2025 11:54

Ба муҳоҷирони кории ӯзбек қарзҳои ипотекӣ медиҳанд

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба мақомоти иҷроияи ҳукумат дастур дод, ки низоми додани қарзҳои ипотекӣ ба муҳоҷирони корӣ таҳия карда шавад. Дар ин хусус, воситаҳои ахбори Ӯзбекистон хабар доданд.

Президент пешниҳод кард, ки шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки дар муҳоҷирати корӣ дар хориҷа қарор доранд, метавонанд қарзи ипотекӣ гиранд.

Дар маҷлиси рӯзи 23-уми январ Шавкат Мирзиёев таъкид кард, ки як сокини Ӯзбекистон, ҳатто бидуни ҷойи кори расмӣ, тибқи эъломияи даромад метавонад қарзи ипотекӣ гирад.

Қобили зикр аст, ки то кунун муҳоҷирони корӣ аз гирифтани чунин қарзҳои боимтиёз маҳрум буданд, зеро онҳо наметавонистанд санади тасдиқкунандаи даромади расмӣ дар кишвари худашонро пешниҳод намоянд.

Ба гуфтаи мақомоти ӯзбек, ипотека барои шаҳрвандоне, ки дар хориҷ кор мекунанд ва на камтар аз шаш моҳ мунтазам ба Ӯзбекистон пул интиқол медиҳанд, дода хоҳад шуд.

Пас аз оғози давраи раёсатҷумҳурии Шавкат Мирзиёев дар соли 2016 Ӯзбекистон ба пуштибонӣ ва кумакрасонии шаҳрвандоне, ки барои кор ба хориҷа мераванд, мунтазам чораандешӣ менамояд.

Барои муҳоҷирон замимаи мобилӣ сохта мешавад, ки бо ёрии он метавонанд дар хусуси ҷойҳои кории хориҷӣ маълумот гиранд, бо ҳамватанон ва созмонҳое, ки ба шаҳрвандони ба мушкилӣ рӯ ба рӯ шуда кумак мекунанд, тамос гиранд ва инчунин, интиқоли маблағро фароҳам оранд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.