Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Се дастаи пурқувват. Рақибони мунтахаби наврасони Тоҷикистон муайян шуданд
23-юми январ қуръакашии Ҷоми Осиё-2025 дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпур баргузор шуд ва рақабони мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) муайян гардиданд.
Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025, ки аз 3 то 20-уми апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «D» қарор гирифт. Рақибони дастаи мо мунтахабҳои Эрон, Уммон ва Кореяи Шимолӣ хоҳанд буд.
Сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Марко Раҷини натиҷаи маросими қуръакаширо чунин шарҳ додааст:
“Шомили гурӯҳи қавие гардидем. Дар марҳилаи интихобӣ дар Сингапур бо дастаи Уммон бозӣ карда будем. Мунтахаби хуб аст. Дастаи Эрон барои мо ба хубӣ ошно мебошад, чунки дар мусобиқаҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ чандин маротиба бо ҳам вохӯрдаем. Ва бозиҳои мо ҳамеша бениҳоят душвор мегузаштанд. Дар мавриди мунтахаби Кореяи Шимолӣ – ин даста дар марҳилаи интихобӣ дар як гурӯҳ бо Эрон бозӣ карда, бо ҳисоби 4:1 пирӯз шудааст. Инчунин, метавонам Кореяи Шимолиро аз рӯйи баромади дастаи ҷавононашон дар марҳилаи интихобӣ дар Душанбе баҳо диҳам. Кореяи Шимолӣ дастаҳои аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва тактикӣ хуб омодашуда дорад. Ҳамин тавр, дар Арабистони Саудӣ мо бо дастаҳои қавӣ рақобатҳои хеле душвор хоҳем дошт. Ман ба даста ва бозигарон боварӣ дорам ва боварӣ дорам, ки мо дар Ҷоми Осиё-2025 ба мақсадҳои худ мерасем”.
Ёдовар мешавем, ки шонздаҳ даста ба чаҳор гурӯҳ тақсим шуданд ва баъди анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ ду тими беҳтарин ба даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Осиё-2025 роҳ меёбанд. Ҳамаи иштирокчиёни даври чорякниҳоӣ соҳиби роҳхати чемпионати ҷаҳон-2025 миёни наврасон мешаванд, ки аз 5 то 27-уми ноябр дар Қатар баргузор мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”