Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Дархости боздошти роҳбар ва қозиюлқузоти Толибон содир шуд
Прокурори Суди байналмилалии ҷиноӣ дархости боздошти Мулло Ҳайбатуллоҳ Охундзода, роҳбар ва Абдулҳаким Ҳаққонӣ, қозии кулли Толибонро содир кард.
Карим Аҳмад Хон, прокурори Суди байналмилалии ҷиноӣ роҳбарони Толибонро ба хушунати ҷинсиятӣ бар зидди духтарону занон ва ҷинояти зидди башарӣ муттаҳам кард. Карим Хон гуфт, ки барои роҳбарони дигари Толибон низ ҳукми боздошт содир хоҳад шуд.
Карим Хон, додситони Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ рӯзи панҷшанбе гуфт, ки далелҳои қавӣ барои муттаҳам шудан ба он ки Ҳайбатулллоҳ Охунзода, роҳбари Толибон ва Абдулҳаким Ҳаққонӣ, қозии кулли Толибон “ба ҷинояти зидди башарӣ, ки таъқибҳои ҷинсиятӣ доранд, ҷавобгарии ҷиноӣ дорад”.
“Дафтари ман ба хулосае омад, ки ин ду шаҳрванди Афғонистон барои таъқиби духтарону занони афғон, инчунин, ашхосе, ки Толибон ба хостаҳои идеологии онҳо дар хусуси ҳувият ва баёни гендерӣ мувофиқат намекунанд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида хоҳанд шуд” – таъкид кардааст додситони Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ Карим Хон.
Бархе аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Афғонистон аз иқдоми додситонии Суди байналмилалии ҷиноӣ истиқбол намуданд. Як созмони занон ба номи “Ҷунбиши занони муқтадир” аз Суди байналмилалии ҷиноӣ хост, ки ҳукми ҷалби раҳбарони дигари Толибонро низ содир кунанд.
“Боздошти роҳбарони Толибон адолатро барои қурбониёни хушунати ҷинсии Толибон дар Афғонистон таъмин мекунад” – зикр шудааст дар изҳороти созмони “Ҷунбиши занони муқтадир”.
Насир Фоиқ, намояндаи Афғонистон дар Созмони Милали Муттаҳид ҳукми ҷалб ва боздошти раҳбарони Толибонро амали навидбахш барои ҷомеаи Афғонистон дониста, чунин таъкид кардааст: “Ҳисобгирӣ аз Толибон ба хотири анҷоми ҷиноят бар зидди башарият барои занони Афғонистон умедбахш аст”.
Ричард Бент, гузоришгари хоси Созмони Милали Муттаҳид ин иқдомро паёми қавӣ ба роҳбарони Толибон донист ва гуфт, ки ҷинояти зидди башарии роҳбарони Толибон пайгирӣ хоҳад шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”