Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Дар Ӯзбекистон ҳукми зиндониёне, ки китоб мехонанд, кам мешавад
Баъзе аз аҳзоби сиёсӣ дар Ӯзбекистон лоиҳаи қонунеро таҳия мекунанд, ки бар асоси он ба зиндониёне, ки китоб мехонанд, дар муҳлати адои ҷазо сабукӣ дода мешавад.
Ҳизби “Миллий тикланиш”, ки бо пешниҳодҳояш дар парлумон маъруф аст, тарҳи қонунеро баррасӣ кард ва дар он меъёрҳо барои ташвиқи рафтори хуб дар байни зиндониён, аз ҷумла китобхонӣ пешбинӣ шудааст.
Дар тарҳи лоиҳаи қонуни зикршуда коҳиш додани муҳлати адои ҷазо дар зиндон барои маҳкумшудагоне, ки бар асоси рӯйхати тасдиқшуда китоб мехонанд, пешбинӣ шудааст.
Бар асоси ин пешниҳод, барои мутолиаи як китоб ва супоридани имтиҳон аз он муҳлати қисми адонашудаи ҷазо се рӯз кам карда шуда, маҳкумшудагон дар як сол на бештар аз 10 маротиба аз он истифода карда метавонанд.
“Дар муассисаҳои ислоҳӣ ҷалби зиндониён ба китобхонӣ пешбинӣ шудааст. Барои онҳое, ки барои мутолиаи як китоб аз рӯйи рӯйхати тасдиқшуда ва супоридани имтиҳони муқарраршуда маҳкум шудаанд, муҳлати қисми адонашудаи ҷазо се рӯз кам карда мешавад”- афзуд узви фраксияи ҳизб Баҳодир Маматхонов.
Қаблан, 23-уми октябри соли 2024 Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар дода буд, ки сокинони калонсоли Ӯзбекистонро, ки ба ҳаракати квадробинг даст мезананд, метавонанд барои авбошии майда ба ҷавобгарӣ кашанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”