27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:08, Душанбе
23.01.2025 16:48

Ҳашари тоҷику қирғиз бо “оши дӯстӣ” дар минтақаи сарҳадӣ баргузор шуд

Дар минтақаи сарҳадии Исфара ва Бонканд сокинони Тоҷикистону Қирғизистон барои ободкориву тоза намудани минтақаи сарҳадӣ ҳашар ташкил намуданд.

Ҳашари тоҷикону қирғизҳо дар минтақаи “нейтралӣ” байни гузургоҳҳои сарҳадии Гулистони Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғилбели ноҳияи Бондканди Ҷумҳурии Қирғизистон бо ташкил намудани оши дӯстӣ баргузор гардид.

Иқдоми мазкур бо роҳбарии Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси ноҳияи Исфара ва Учқунбек Жоробоев, раиси ноҳияи Бонканд сурат гирифт.

Гуфта мешавад, ки сокинони ҳар ду кишвар таҳти раҳбарии раисони ноҳия корҳои тоза намудани минтақаи сарҳадиро анҷом доданд ва дар поёни кор ба иштирокчиён оши дӯстӣ ташкил карда шуд.

“Бори аввал баргузор шудани ҳашари дӯстонаи ҳамсояҳо ва нишастан сари дастархон баъди баста шудани марзи ду давлат далолат аз оғози ҳамгироии аҳолӣ мебошад, ки онро сарвари ду давлат: Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва президенти ҳамосякишвар муҳтарам Содир Ҷабборов мудом таъкид менамоянд”- навиштаанд ВАО-и минтақавӣ.

Гуфта мешавад, ки дар минтақаи “нейтралӣ”-и мазкур корҳои ободониву кабудизоркунӣ гузаронида шуда, роҳҳи он пурра асфалтпӯш мешавад.

Ёдовар мешавем, Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки бо ҳам баҳсҳои марзӣ доштанд, тайи чанд моҳи охир ба он нуқта гузоштанд. Дар мулоқоти охири раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва раиси Кумитаи амнияти Қирғизистон Қамчибек Ташиев санаде имзо шуд, ки бар асоси он хатҳои баҳсбарангези марзӣ ҳал шуда, масъалаи аломатгузорӣ ва иҷрои созишнома пешниҳод гардид.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.