Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Наҷоти 82 нафар тоҷику русу узбек аз сармои шадид дар Қазоқистон
Мақомоти наҷодиҳанда дар Қазоқистон 82 шаҳрвандони Тоҷикистон, Русия ва Ӯзбекистонро, ки дар байни онҳо се кӯдаки хурдсол низ будааст, аз сармои шадид наҷот додаанд. Дар ин хусус “Остона.ТВ” хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки кормандони Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон тамоми шаб дар манотиқи мухталиф мардумро аз бориши барф ва баста шудани роҳҳо наҷот додаанд.
Ҳодисаи наҷоти шаҳрвандони Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар минтақаи Актбе, шоҳроҳи Самара-Чимкент рӯй дод. Автобуси мусофиркашоне, ки бо хатсайри Самара-Чимкент ба Русия ҳаракат мекард, бо сабаби носозгории обу ҳаво ва сармои шадид сафарашро идома дода натавонистааст.
Дар натиҷа, автобус дар ҷойи ҳодиса таваққуф мекунад, ки дар дохили он кӯдакони хурд ва шаҳрвандони хориҷӣ қарор доштанд. Эҳтимоли хунукзании кӯдакони хурдсол вуҷуд доштааст. Ронанда барои кумак ба наҷотдиҳандагони қазоқ хабар додааст.
Кормандони Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон ба ҷойи ҳодиса расида, 82 мусофир, аз ҷумла 3 кӯдаки хурдсолро, ки шаҳрвандони Русияву Тоҷикистон ва Ӯзбекистон будаанд, ба ҷойи гарм ва амн интиқол медиҳанд. Мусофирон аз мақомоти ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон сипосгузорӣ намудаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”