27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:44, Душанбе
23.01.2025 11:40

Қазоқистон бо ширкатҳои атомии 4 кишвар ҳамкорӣ мекунад

Чор кишвар ба феҳристи сохтани неругоҳҳои атомӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон шомил шудаанд, ки эҳтимол дорад, дар оянда бо ин кишварҳо ҳамкориҳо оғоз гардад.

Мақомоти Қазоқистон барои суръат бахшидан ба кори сохти неругоҳи атомӣ як қатор боздидҳоро барои интихоби технологияҳои сохтмони неругоҳҳои атомӣ оғоз кардаанд. Дар ин хусус, хабаргузории “Казинформ” хабар медиҳад.

Ба ин рӯйхат чор кишвар – Русия, Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Фаронса шомиланд. Дар ин кишварҳо ширкатҳои CNNC, ICHP, EDF  ва РУСАТОМ амал мекунанд. Гуфта мешавад, ки кишварҳое ба мисли АМА, Туркия, Ҳиндустон, Маҷористон ва Миср бо ин кишварҳо ҳамкорӣ мекунанд.

Раиси Ассотсиатсияи ташкилоти таъминоти энергетикии Қазоқистон Сергей Афғонов дар хусуси ин ки чаро маҳз ин чор кишвар ва ширкатҳои онҳо барои ҳамкорӣ интихоб шудаанд мегӯяд, ки чанд омил дар ин замина вуҷуд дорад, ки онҳоро муттаҳид менамояд: “Якум, таҷрибаи бузурге, ки ин ширкатҳо доранд. Дуюм, онҳо, инчунин, технологияи оби сангинро доранд. Аз ин хулоса баровардан мумкин аст, ки мо чӣ гуна неругоҳи атомӣ месозем.

Инҳо реакторҳои дорои ду контури сардшавии об мебошанд. Инҳо, бехатартарин реакторҳоянд. Тавре мефаҳмам, вақте мо пешниҳодҳоро барои шомил шудан ба рӯйхати кӯтоҳ фиристодем, ин кишварҳо буданд, ки посух доданд. Зеро, навъҳои зиёди реакторҳои дигар вуҷуд доранд ва эҳтимол ба мо 16 навъеро дар як вақт, ки дар рӯйхати кӯтоҳ мавҷуд буданд пешниҳод карданд. Инҳо эҳтимолан реакторҳои навъи дигар буданд

Бо вуҷуди ин, интрига боқӣ мемонад ва ман фикр мекунам, ки ин бад нест, зеро ман ҳамеша гуфта будам, ки барои мо муҳим аст, то ҳадди имкон бо фурушандагони оянда бо нархи мусоид барои Қазоқистон гуфтушунид анҷом диҳем”- гуфт раиси Ассотсиатсияи ташкилотҳои таъминоти энергетикии Қазоқистон Сергей Афғонов.

Қаблан, баъзе хабарҳо нашр шуда буд, ки Қазоқистон метавонад ба сохтмони неругоҳи дуюми атомӣ низ оғоз кунад. Он вақт Темур Жантикин, директори ҶСК “Неругоҳҳои атомии Қазоқистон” таъкид карда буд, ки эҳтимолан дар шарқи Қазоқистон неругоҳи дуюми атомӣ сохта шавад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.