Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Русия ва Ӯзбекистон созишномаи ҳамкории низомӣ имзо карданд
Вазири дифои Федератсияи Русия Андерей Белоусов ва вазири дифои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шуҳрат Холмуҳаммадов созишномаи ҳамкориҳои стратегии низомӣ миёни Русия ва Ӯзбекистон барои солҳои 2025-2030–ро имзо намуданд.
Вазири дифои Федератсияи Русия Андрей Белоусов, ки бо сафари расмӣ ба Ӯзбекистон рафта буд, пас аз имзои созишнома бо президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиеёв мулоқот намуда, оид ба вазъияти низомӣ ва амниятии Осиёи Марказӣ суҳбат кард.
Вазири дифои Федератсияи Русия Андрей Белоусов иттилоъ дод, ки тарҳи ҳамкориҳо миёни вазоратҳои дифои Русия ва Ӯзбекистон дар соли 2025 шомили 50 барномаи ҳамкориҳои муштарак дар бахши низомӣ аст.
Вазорати дифои Федератсияи Русия дар телеграми худ бо нашри хабари имзои созишномаи зикршуда таъкид кардааст, ки ҳамкориҳои низомии Русия ва Ӯзбекистон дар тазмини амнияти Осиёи Марказӣ таъсири сазовор дорад.
Дар мулоқот бо вазири дифои Ӯзбекистон Шуҳрат Холмуҳаммадов вазири дифои Федератсияи Русия Андрей Белоусов таъкид кард, ки Русия ва Ӯзбекистон шарикони стратегӣ ва дӯстони дерина мебошанд.
Дар як баёнияи ҷудогона Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия ба ин масъала ишора намудааст, ки Шавкат Мирзиёев ва Андрей Белоусов дар хусуси масоили амниятии минтақа суҳбат намуда, вазъияти амниятӣ ва низомии Осиёи Миёнаро арзёбӣ намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”