27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:08, Душанбе
22.01.2025 18:18

Буҳрони картошка. Мақомоти Ӯзбекистон аз афзоиши нарх нигаронанд

Вазорати кишоварзии Ӯзбекистон дар хусуси захираҳои картошка ва тадбири тақсимоти он ба минтақаҳо хабар дод.

Дар пасманзари гузоришҳо дар хусуси боло рафтани нархи картошка Вазорат таъкид кард, ки ҷадвали тақсимот барои истеъмолгарони дохилӣ тасдиқ шуд ва беш аз 239 ҳазор тонна сабзаҷот дар захирагоҳ нигоҳ дошта мешавад.

Вазорати кишоварзии Ӯзбекистон ба хабарҳое вокуниш нишон дод, ки маҳдудиятҳои содироти картошка аз Қазоқистон метавонад боиси афзоиши қобили мулоҳизаи нархи картошка дар бозорҳои Ӯзбекистон шавад.

Тибқи иттилоъи мақомоти дахлдори Ӯзбекистон ниёзи солонаи ин кишвар ба картошка 4 миллион тоннаро ташкил медиҳад.

Бар асоси иттилои мақомот, дар соли 2024 3, 7 миллион тонна картошка истеҳсол шуд, ки 2,7 миллион тоннаи он дар майдонҳои кишти асосӣ ва 1 миллион тоннааш бо кишти такрорӣ ба даст омад. Гуфта мешавад, ки 600 ҳазор тоннаи ҳосили бадастомада ҳамчун маводи захиравии тухмӣ барои кишти соли оянда нигоҳ дошта мешавад.

Мақомот дар мавсими соли 2024-2025 тадбирҳои мушаххас андешида 245, 5 ҳазор тонна картошка барои захира ҷамъоварӣ намуданд.

Таъкид мегардад, ки то 10-уми январи соли ҷорӣ 6,3 ҳазор тонна картошка барои фурӯши бозорҳои дохилӣ бароварда шудааст. Захираи боқимонда 239, 2 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Бар асоси иттилои ВАО Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои таъминоти дохилӣ ҷадвали 10-рӯзаи таъминотро аз рӯи минтақаҳо тасдиқ намудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.