Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Сӯхтор дар Туркия. 76 куштаву 51 захмӣ. Эрдуғон мотами миллӣ Эрон кард
Дар натиҷаи сӯхтор дар меҳмонхонаи лижаронии минтақаи Болуи Ҷумҳурии Туркия 76 нафар кушта ва 51 нафари дигар захмӣ шуданд. Президенти Ҷумҳурии Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар пайи фоҷеаи оташсӯзии меҳмонхона мотами миллӣ эълон кард.
Алӣ Йерликая, вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Туркия дар хусуси ҳодисаи сӯхтор дар меҳмонхонаи лижаронии Болу изҳорот дода, гуфт, ки 76 нафар ҷони худро аз даст доданд. Вазир аз анҷом ёфтани корҳои наҷотдиҳӣ хабар дода, ба наздикони қурбониёни ҳодиса изҳори ҳамдардӣ баён кард.
“Корҳои наҷотдиҳӣ анҷом ёфт. Дили мо дард мекунад. Дарду аламамонро бо сухан ифода карда наметавонем. 76 нафар ҳамватанони мо ҳалок гардиданд. Ҷойяшон ҷаннат бошад”- гуфт Вазири корҳои дохилии Туркия
Телевизиони “ЭТВ”-и Туркия хабар дод, ки се нафар дар натиҷаи паридан аз панҷараи меҳмонхона ҷон доданд. Як шоҳиди сӯхтор ба рӯзномаи “Ҳурият” гуфт, одамонро дар вақти паридан аз панҷараи меҳмонхона дидааст. Ба гуфтаи ӯ, бо сабаби дуди ғализ пайдо кардани роҳҳои баромадани изтирорӣ мушкил будааст.
Камол Мимисоғлу, Вазири тандурустии Туркия гуфт, ки як меҳмони меҳмонхона дучори сӯхтагии шадид шуд ва 17 нафари дигар бо далели ҷароҳатҳои камтар таҳти дармон қарор гирифтанд.
Вазири адлияи Ҷумҳурии Туркия Йилмаз Тунч оид ба ҷузъиёти таҳқиқоти сӯхтор дар меҳмонхонаи лижаронии Болу суҳбат намуда, афзуд: “Тафтиш аз ҷониби Прокуратураи ҷумҳурӣ оид ба сӯхтор, ки дар натиҷаи он 66 шаҳрванди мо ба ҳалокат расиданд, ҳамаҷониба ва бо диққат анҷом дода мешавад”.
Президенти Ҷумҳурии Туркия гуфт: “Мутассифона, субҳи имрӯз мо дар Болу хабари хеле ғамгин шунидем. Дарҳол пас аз сӯхтор мо вазирони корҳои дохилӣ, тандурустӣ, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг ва сайёҳиро барои ҳамоҳангсозии корҳои зарурӣ ба ҷои ҳодиса фиристодем”.
Гуфта мешавад, оташсӯзӣ аз ресторани меҳмонхона рух дода, бо суръат густариш ёфтааст. Сабабҳои сӯхтор аз сӯйи полис тафтиш мешавад ва ҳанӯз маълум нест.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”