27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:08, Душанбе
22.01.2025 10:35

Раиси Ситоди кулли артиши Исроил Ҳартси Ҳа-Леви истеъфо медиҳад

Ҳартси Ҳа-Левӣ, раиси Ситоди кулли артиши Исроил гуфтааст, ки масъулияти шикаст дар оғози ҳамлаи Ҳамос дар 7-уми октябри соли 2023-ро ба уҳда мегирад ва ҳоло вақти он аст, ки истеъфо диҳад.

“Ал-Ҷазира” ба нақл аз сарчашмаҳои худ менависад, раиси Ситоди кулли артиши Исроил Ҳартси Ҳа-Леви гуфтааст, ки вай масъули комили шикаст аз таъмини амнияти шаҳракнишинони яҳудӣ дар ҳодисаи 7-уми октябр аст.

ВАО-и Исроил ба нақл аз Ҳартси Ҳа-Левӣ навиштаанд, ки ӯ ба Вазири дифоъи Исроил иттилоъ додааст, ки 6-уми март ба куллӣ истеъфо хоҳад дод.

“Масъулияти мо муҳофизат аз мардумамон буд ва дар ин амр шикаст хӯрдем ва ман то охири умр масъулияти ин шикастро ба дӯш хоҳам дошт”- гуфтааст Ҳартси Ҳа-Леви.

Раиси Ситоди кулли артиши Исроил иддао кардааст, ки онҳо аксари раҳбарони Ҳизбуллоҳ ва Ҳамосро аз байн бурданд ва тавоноиҳои низомии гурӯҳҳои зикршударо кам карда, 4000 ҳазор неруҳои низомии Ҳизбуллоҳро аз байн бурдаанд.

“Ман тасмими боқӣ мондан дар масъулиятро надорам ва акнун замони муносибе барои гирифтани тасмим аст”- таъкид намудааст вай.

Истеъфои раиси Ситоди кулли артиши Исроил дар ҳолест, ки баъди оғози раванди оташбас миёни Ҳамос ва Исроил чанд вазири кобинаи Бенямин Нетаняҳу низ истеъфо додаанд. Мухолифони Бенямин Нетаняҳу гуфтаанд, ки замони истеъфои комили ҳукумати сарвазир фаро расидааст.

Истеъфои раиси Ситоди кулли артиши Исроил дар ҳоле сурат мегирад, ки чанд рӯз қабл оташбас миёни Ҳамос ва Исроил бар минтақаи Ғаза барқарор шуд.

Дар пайи оғоз шудани раванди оташбас дар минтақаи Ғаза баъзе аз мансабдорони ҳукумати Бенямин Нетаняҳу аз мақомҳои худ истеъфо доданд.

Раиси Ситоди кулли артиши Исроил ба Вазири дифоъи ин кишвар иттилоъ додааст, ки дар 6-уми март соли ҷорӣ истеъфо хоҳад дод. Дар ин хусус ВАО –и исроилӣ низ гузориш нашр карданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.