Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Русатом дар Эрон як неругоҳи атомии ҷадид месозад
Ширкати атомии Русатом эълон кард, ки бо мақомоти эронӣ дар ҳоли музокира барои сохтани неругоҳи атомии ҷадид дар Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.
Раиси ширкати Русатом Алексей Лихачёв таъкид намуд, ки Русия ва Эрон ҳадаф доранд, ҳамкориҳоро дар заминаи сохт ва роҳандозии неругоҳҳои кучак ва бузурги атомӣ густариш диҳанд. Вай афзуд, ки музокирот дар бораи сохтани як неругоҳи атомии бузурги дигар дар Эрон ба зудӣ оғоз хоҳад шуд.
Алексей Лихачёв, мудири ширкати Русатом гуфт, ки Русия ва Эрон ҳамкориҳои бештаре дар заминаи таъсисоти атомии бузургу кучак хоҳанд дошт. Алексей Лихачёв афзуд, ки Эрон қасд дорад ҳамкорӣ дар заминаи сохт ва роҳандозии неругоҳҳои атомии кӯчак ва бузургро густариш диҳад.
“Бо ислоҳи баъзе тавофуқҳо миёни ҷонибайн дар ҳавзаи сохтани неругоҳҳои атомии кучак ниёз аст ва Русия протоколеро дар ин бора бо Эрон ироа кардааст”- гуфт Алексей Лихачёв.
Раиси ширкати Русатом таъкид кард, ки воҳиди нахустин неругоҳи атомии Бушеҳр, ки Русия месозад, амалиётӣ шудааст. Ба рағми таҳрим ва фишорҳои Аврупо воҳиди дувум ва сеюми неругоҳи атомии Бушеҳр дар ҳоли сохт аст. Аввалин воҳиди неругоҳи атомии Бушеҳр дар соли 2011 оғоз ба кор кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”