27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
21.01.2025 16:35

Ривояти талх: асирони фаластинӣ мегӯянд дар зиндони Исроил шиканҷа мешуданд

Баъзе аз асирони фаластинӣ, ки дар чорчӯби табодули асирони исроилӣ озод шуданд, ривояти ваҳшатноки зиндонҳои Исроилро ривоят карданд. Онҳо гуфтаанд, ки аз ҳама имконоти аввалияи тиббӣ маҳрум буданд ва ҳамеша мавриди шиканҷа ва фишори рӯҳии маъмурони зиндон қарор мегирифтанд.

Одам Ҳудра, аз ҷумлаи зани зиндонии озодшуда аз зиндони Исроил аст, ки дар марҳилаи аввали табодули зиндониён озод гардид. Ӯ дар суҳбат ба шабакаи телевизионии “Ал-Ҷазира” мегӯяд: “Исроил аз пеши хонаам маро боздошт кард, давраи зиндон бисёр сахту душвор буд. Ман ва дигар зиндониён, ки баъзеи онҳо солхӯрда буданд, дар зиндон мавриди шиканҷа ва бетаваҷҷуҳӣ қарор мегирифтем, аз доруву дармон маҳрум будем”.

Зани озодшудаи дигари фаластинӣ Шио Умар низ ба шабакаи “Ал-Ҷазира” гуфт: “Шаш моҳ дар зиндони режими Исроил зиндонӣ будам ва ҳанӯз муддати маҳкумиятам мушаххас нашудааст. Имрӯз фақат бовар кардам, ки ман ҷузви аввалин асирони озодшуда ҳастам”.

Само Ҳаҷовӣ, зани зиндонии дигар, ки озод гардидааст, мегӯяд: “Дуюмин бор ба зиндони Исроил даромадам ва дар ин муддат шиканҷа ва зулмҳои зиёде дидам. Теъдоди зиёде аз зиндониёни зан дар муддати зиндон вазъияти бисёр душвор доштанд, зеро бархе бемор буданд, имконоти тиббӣ надоштем”.

Хоҳари Руло Ҳусайн, як хабарнигори зани фаластинии озодшуда низ ба шабакаи “Ал-Ҷазира” гуфтааст: “Хоҳари ман дар вазъияти бисёр сахт қарор дорад ва баъд аз озодӣ бояд барои дармон ба бемористон равад. Хоҳари ман дар зиндон аз набудани имкониятҳои тиббӣ ранҷ бурд ва ин амр ба саломатиаш таъсир гузоштааст”.

Бушрӣ Ал-Тавил низ хабарнигори дигари зани зиндониест, ки дар марҳилаи аввали тавофуқ озод гардидааст. Ӯ субҳи имрӯз вориди манзилаш дар минтақаи Ал-Байра, дар наздикии шаҳри Ромуллоҳ дар Канораи Бохтарии рӯди Урдун шуд. Вай афзуд, ки дар зиндон мавриди хушунати физикии масъулони зиндон қарор гирифт.

Қобили ёдоварӣ аст, ки аввалин гурӯҳи зиндониёни фаластинӣ, шомили 90 нафар, субҳи рӯзи якшанбе дар чорчӯби табодули асирон аз зиндони Исроил озод шуданд. Ҳамос дар муқобили 90 фаластинии озодшуда, 3 зиндонии исроилиро озод кард.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.