27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
21.01.2025 11:22

Аз Муин то Ислом. Размкорон дар UFC 311 чӣ қадар пул кор карданд?

19-уми январ мусобиқаи UFC 311 дар ИМА баргузор шуд, ки дар ду набарди асосӣ чемпионҳои ду вазн камарбандҳои худро ҳимоя карданд.

Чемпиони вазни сабук Ислом Махачев зидди Ренато Мойкано ба муҳориба баромада, дар раунди якум бо усули буғӣ кардан зафар ёфт ва бори чорум камарбанди чемпиониашро ҳимоя кард, ки дар ин вазн рекорд аст.

Мераб Двалишвилӣ, чемпиони вазни нимсабуки ЮФС бори аввал камарбанди чемпиониашро дар муҳориба бо Умар Нурмагомедов ҳимоя кард. Муҳорибаи онҳо панҷ раунд давом ёфт.

Дар ин мусобиқаи бошукуҳ размкори номдори тоҷик Муин Ғафуров низ иштирок карда, Риня Накамураро аз Ҷопон мағлуб кард. Муин Ғафуров чорум муҳорибаашро дар ташкилоти UFC гузаронид ва дар ин муҳорибааш 28 ҳазор доллари амрикоӣ ба даст овард.

Ҳамчунин, ҷанговарони ду муҳорибаи асосии мусобиқаи мазкур бо ин тартиб пул кор карданд: Ислом Махачев – 3 миллиону 642 ҳазор доллар, Ренато Мойкано – 1 миллиону 382 ҳазор доллар, Мераб Двалишвили – 2 миллиону 192 ҳазор доллар ва Умар Нурмагомедов – 1 миллиону 132 ҳазор доллар.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.