Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Рӯзҳои 21-ум ва 22-уми январ дар Тоҷикистон борону барфи пуршиддат меборад
Дар Тоҷикистон дар рӯзҳои 21-ум ва 22-уми январ дар минтақаҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ борон ва барфи пуршиддат меборад. Дар ин хусус, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода, ба шаҳрвандон аз оқибатҳои офатҳои таббӣ ҳушдор додааст.
Тибқи иттилои Кумита, дар аксари ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, қисмати ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Вилояти Суғд ва дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Варзоб-Айнӣ-Хуҷанд, Ваҳдат- Рашт, Тоҷикобод-Лахш, Душанбе-Сангвор, Шамсиддин Шоҳин-Дарвоз, Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим-Мурғоб хатари лағзиши тарма вуҷуд дорад.
“Кумита аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш мекунад, ки ҳангоми истифода аз таҷҳизоти гармкунии барқӣ қоидаҳои бехатарии сӯхторро қатъиян риоя намуда, аз дастгоҳҳои барқии худсохт истифода набаранд”- таъкид кардааст КҲФ Тоҷикистон.
Ҳамчунин, Кумита аз сокинони деҳот хостааст, ки дар вақти истифодаи бухорӣ эҳтиёткор бошанд. Дар деҳот маъмулан дар вақти кор фармудани бухорӣ аз ҳезум ва ангишт истифода мекунанд, ки дар баъзе ҳолатҳо боиси сар задани оқибатҳои фоҷеабор мегардад. Кумита аз сокинон хостааст, ки меъёрҳои бехатарии истифода аз ангишт ва дигар лавозимоти гармкунандаро риоя намоянд.
“Дар ин рӯзҳо ҳаракати худро дар роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд намуда, аз анҷоми корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум ва шикор дар манотиқи кӯҳистон худдорӣ кунанд, инчунин, ҳангоми истифодаи таҷҳизоти барқии гаркунанда қоидаҳои бехатарии сӯхторро қатъиян риоя намоянд”- тавсия додааст Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”