27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:07, Душанбе
20.01.2025 16:58

Қирғистони замоне рӯ ба Ғарб дар “дом”-и таҳримҳои Амрико қарор гирифт

Тибқи иттилои ВАО 20 ширкати тиҷоратии қирғизистонӣ дар феҳристи таҳримҳои Амрико қарор доранд. Амрико ин ширкатҳоро ба хотири давр задани таҳримҳо ва ҳамкорӣ бо Русия ҷорӣ кардаанд. Ба назар мерасад, мавҷи таҳримҳои амрикоӣ бештар домани ширкатҳои қирғизиро дар Осиёи Миёна гирифтааст.

Ба истилоҳ амалиёти низомии Федератсияи Русия бар зидди гурӯҳҳои ҷудоихоҳи Украина 3 сол боз идома дорад ва он барои кишварҳои минтақаи Авруосиё паёмадҳои назарраси иқтисодӣ доранд.

Кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, инчунин, як қатор кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шарикони дарозмуддат ва доимии тиҷоратии Федератсияи Русия мебошанд, ки ҳоло таҳти таҳримҳои дуюмдараҷаи Иттиҳоди Аврупо ва Иёлотт Муттаҳидаи Амрико қарор гирифтаанд.

Кишварҳои Осиёи Миёна ва Қафқоз амалӣ намудани уҳдадориҳои худро бар асоси созишномаҳои имзошуда бо Русия идома медиҳанд ва Иттиҳоди Аврупо, ИМА ва Британияи Кабир онро аксаран давр задани таҳримҳо маънидод менамоянд. Аз ҷониби дигар, дар тӯли ду соли охир, борҳо дар бораи тафовут дар омори расмии гумрукӣ дар иртибот ба воридоти маҳсулоти таҳримшудаи Иттиҳоди Аврупо ба Арманистон, Қирғизистон ва дигар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё изҳорот пахш шудааст.

Нахустин маҳдудият ва таҳрими иқтисодӣ баъд аз 24-уми феврали соли 2022 бар зидди Русия ва Беларусия амалӣ шуд. Баъд аз он, таҳримҳо ба дигар кишварҳои зери ҳавзаи нуфузи Русия, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ низ таъсир карданд.

Қирғизистон, ки  замоне пойгоҳи ташкилот ва созмонҳои рӯ ба ғарбу Амрико буд, ҳоло беш аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо мавҷи таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо ва ИМА дар робита бо ширкатҳои тиҷоратиаш мувоҷеҳ аст.

Дар 15-уми январи соли 2025 Вазорати молияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар хусуси ҷорӣ кардани таҳрим бар зидди Бонки Керемет қарор қабул кард. Ин нахустин бонки Қирғизистон аст, ки дар феҳристи таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ ва Амрико қарор мегирад.

Қабл аз ин, нисбат ба ширкатҳо, роҳбарон ва ё муассисаҳои қирғизӣ маҳдудиятҳои иқтисодӣ ҷорӣ карда мешуд. Тибқи маълумотҳо, то 16-уми январи соли 2025 дар феҳристи таҳримҳои ИМА 21 шахси ҳуқуқӣ ва 2 шахсӣ воқеӣ аз Қирғизистон вуҷуд доштанд. Дар рӯзҳои охир аз 21 шахси ҳуқуқӣ 19 тоаш таҳрим шудааст.

Таҳримҳо нисбат ба муассисаҳои Қирғизистон дар соли 2024 аз ҳама бештар ҷорӣ шуд. Тибқи омор дар 12 моҳ 12 ширкат таҳрим гардид. Дар муқоиса бо соли 2024 дар соли 2023 6 ва аз ибтидои аввали соли 2025 3 ширкат дар феҳристи таҳримҳо қарор гирифтанд.

“Бар асоси маълумоти Вазорати адлия, аксари ширкатҳо дар солҳои 2022 ва 2023 таъсис ёфтаанд. Фаъолияти онҳоро метавон аз рӯйи лоиҳаҳои андоз ва пардохтҳои гумрукӣ арзёбӣ кард. Ҳаҷми мубодилоти ширкатҳои нав аз ҳазор то миллион сӯмро ташкил медиҳад”- қайд мекунанд ВАО-и қирғизӣ.

Маълум мешавад, ки баъзе корхонаҳои пешқадам танҳо ба маблағи 1200 сӯм ва баъзеи дигар то 40 миллион сӯм ҳақи давлатӣ супоридаанд. Ширкатҳо воқеан дар кадом сол фаъол буданд ва кай ногаҳон барҳам дода шуданд? Аз ҷониби дигар қариб ҳамаи субъектҳои дар рӯйихат мавҷудбуда, фаъолияташонро идома медиҳанд.

Дар соли 2023 аз 21 ширкати дар ин рӯйхатбуда, 14 тоаш андоз супоридаанд ва 7 корхонаи дигар андоз насупоридаанд.

Таҳримҳои шадиди муттаҳидони ИМА бар зидди Қирғизистон аз соли 2023 то соли 2025 ҷорӣ шуданд ва ҳоло шиддат мегиранд.

Дар таърихи 19-уми июли соли 2023 рӯзномаи “Вашингтон-пост” мақолаеро нашр кард, ки тибқи он ИМА бар зидди Қирғизистон чораҳои маҳдудкунанда ҷорӣ мекунад. Нашрия аз ҳодисаи интиқоли ҳавопаймоҳои бесарнишин тавассути қаламрави Қирғизистону Қазоқистон ба Русияро мисол овардааст.

Мақомоти қазоқ иддао кардаанд, ки 14 адад ҳавопаймои бесарнишини DJI AGRAS T30 аз ҷониби ширкати қирғизии Impuls-Invest LLC ғайриқонунӣ интиқол дода шудааст ва фармоишгари он ширкати русии NOVA будааст.

Хулоса, Қирғизистон ягона кишвар дар Осиёи Марказӣ аст, ки дар зери заррабини ниҳодҳои таҳримкунандаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва муттаҳидонаш қарор гирифтааст.

Суҳроби Я.

махсус барои “Диалог”

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.