Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Сирояти нахустин бемории обилаи маймун дар Озорбойҷон
Нахустин мавриди сирояти вируси маймун дар Озорбойҷон ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус Вазорати тандурустии ин кишвар хабар додааст.
Тибқи иттилои Вазорат, як шаҳрванди 22 – солаи Озорбойҷон аз 2-уми январ то 11-уми январи соли равон дар гардишгарии хориҷа будааст. Ӯ баъди чанд рӯзи бозгашт аз сафар бо шикояти заифӣ, баландшавии табларза, доғи узвҳои таносул, варами гиреҳҳои лимфа ва дарди мушакҳо ба яке аз клиникаҳои шаҳри Боку муроҷиат кардааст.
“Як табиби бемориҳои сироятӣ, ки гумон дошт бемор гирифтори вируси маймун аст, дар вақти ташхис ошкор намудааст, ки дар давоми сафар бемор бо шахси гирифтори чунин беморӣ тамос гирифтааст. Мавҷудияти нишонаҳо чун асоси таҳлили лабараторӣ хизмат мекунад. Натиҷаҳои таҳлилии ПТР мавҷудияти вируси маймунро тасдиқ кард”-қайд мешавад дар ВАО.
Бемор дар бемористон бистарӣ шуда, табобат мегирад. Дар аъзои оилаи бемор, ки бо онҳо тамос дошт, аломатҳои беморӣ мушоҳида нашудааст. Онҳо таҳти назорати хонагӣ аз ҷониби хадамоти амбулатории минтақа ва хадамоти санитарию эпидемиологӣ қарор доранд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”