27 Сентябр 2026,
якшанбе, 22:02, Душанбе
20.01.2025 13:37

Баҳси картошка дар Қазоқистон. Афзоиши нарх ҳукуматро нигарон кард

Дар ҳафтаи ҷорӣ нархи картошка дар бозорҳои Қазоқистон афзоиш ёфт ва ҳукумати ин кишвар тасмим гирифт, нархро танзим кунад.

Дар пасманзари якбора боло рафтани нархи картошка дар чандин минтақаҳои Қазоқистон ҳукумат тасмим гирифт, ки содироти сабзавот ба кишварҳои сеюмро дар тӯли 6 моҳ маҳдуд кунад. Дар ин хусус аз Ҳукумати Қазоқистон ба ВАО хабар додаанд.

Бар асоси иттилои Дафтари матбуоти Ҳукумат бо супориши сарвазир вазоратҳои кишоварзӣ ва савдо вазифадор шудаанд, ки вазъи бозори картошкаро мунтазам таҳти назорат дошта бошанд.

“Ба далели афзоиши тақозо аз кишварҳои ҳамсоя, бахусус Ӯзбекистон ва боло рафтани арзиши содирот дар соли ҷорӣ, содироти картошка 1, 5 баробар афзудааст: аз 411 ҳазор тонна ба 605 ҳазор тонна расидааст. Талаботи зиёдатӣ ба бозори дохилӣ таъсир расонид”- таъкид мекунад Дафтари матбуоти Ҳукумати Қазоқистон.

Барои танзим ва ба эътидол овардани нархи картошка дар бозорҳои дохилӣ дар маҷлиси Комиссияи байниидоравии фаъолони соҳаи савдо, ки рӯзи 18-уми январ баргузор шуд, дар бораи маҳдуд кардани содироти картошка ба кишварҳои сеюм ба муддати 6 моҳ тасмим гирифта шуд.

“Ин маҳдудият ба кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дахл надорад, аммо содирот дар ин самт назорат хоҳад шуд. Ҳамзамон, бо назардошти вазъи мавҷуда, додани сертификатҳои фитосанитарӣ барои содирот аз 16-уми январ пурра боз дошта шуд”- иттилоъ додааст Дафтари матбуоти Ҳукумати Қазоқистон.

Гуфта мешавад, ки тадбирҳои андешидашуда ба таъмини устувори нархи картошка, пешгирии болоравии беасос ва пешгирӣ аз амалҳои спеклятсионии савдогарон равона шудааст.

Ҳамчунин, мақомоти Вазорати савдо дар якҷоягӣ бо дигар воҳидҳои мақомоти зиддиинҳисорӣ ваъда медиҳанд, ки назоратро пурзӯр гардонида, дар сурати вайрон намудани қонунгузории амалкунанда оид ба масъалаи савдо фавран чораҳои зарурӣ андешанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.